Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Горди миллии Русия олигархи қазоқ Жомарт Ертаевро боздошт кард


Гузоришҳои матбуотӣ ҳокӣ аз он аст, ки Жомарт Ертаев, як олигархи қазоқро, ки дар ватанаш ҷустуҷӯ мешуд, вале дар Русия зиндагӣ мекард, аз тарафи мақомоти Русия боздошт шудааст.

Биноба гузоришҳо, дар амалиёти боздошти Ертаев, рӯзи 8 март, дар маҷмаи тиҷоратии Москва-Ситӣ, афсарони Горди миллии Русия иштирок карданд.

Ба гуфтаи яке аз шоҳидон, қабл аз боздошт якчанд мошини пулис пеши роҳи Mercedes SUV-и Ертаевро гирифтанд ва сипас ӯро дастгир карданд. Гуфта мешавад, олигархи қазоқ барои ҷинояти қаллобӣ, ки замони раҳбарияш ба Alyans Bank- и Қазоқиситон содир кардааст, боздошт шуд.

Мақомоти Қазоқиситон мегӯянд, ки Ертаевро соли 2015 бо ҷурми дуздии моликияти хусусӣ дар ҷустуҷӯ қарор доданд, вале дар бораи макони будубоши ӯ маълумот надоштанд.

Жомарт Ертаев соли 2009 бо иттиҳоми сирқати моликияти давлат нуҳ моҳ дар боздоштгоҳи пешакии Қазоқиситон буд. Аммо додгоҳ натавонист ҷурми ӯро собит кунад ва ӯ бо ҷурмҳои сабуктар - истифодаи нодурусти маблағҳои бонк ва нақзи қоидаҳои ҳисобдорӣ ба озодӣ баромад.

Охири соли 2014 Жомарт Ертаев раҳбари телевизиони кабелии Alma-TV шуд.

Моҳи гузашта ӯ дар сӯҳбат бо хабаргузории Тенгринюс гуфт, ки се сол боз дар Русия зиндагӣ мекунад.

Матбуоти Русия мегӯяд, ки Жомарт Етаев раҳбари Troyka-D Bonk-и Маскав ва президенти фахрии ширкати сармоягузории Alma Group-и пойтахти Русия аст.

То ҳол мақомоти Қазоқистон ва Русия дар бораи боздошти Жомарт Етаев расман изҳорот надодаанд.

XS
SM
MD
LG