Дар Теҳрон субҳи 8 май ҷаласаи пӯшидаи маҷлиси Эрон баргузор шуд, ки паёмадҳои эҳтимолии хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эронро баррасӣ намуд. Президенти Эрон гуфтааст, ки дар сурати хуруыи Амрико аз ин созиш ҷорӣ шудани таҳримҳои нав болои Эрон дар давоми ду ё се моҳи баъдӣ “мушкилоте” барои Эрон хоҳад дошт.
Ба гузориши хабаргузории ИСНО, Ҳасани Руҳонӣ рузи сешанбе 8 май гуфт, ки мумкин аст ҳар замоне “шароити истисноӣ” пеш биёяд. Вай гуфт, «мумкин аст, ду моҳ ё се моҳ даргири он мушкил бошем, аммо аз он убур хоҳем кард”.
Қарор аст шоми 8 май ба вақти Теҳрон Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико тасмими Иёлоти Муттаҳидаро дар бораи ояндаи созишномаи ҳастаӣ бо Эрон эълон кунад. Дар сурати берун шудани Вашингтон аз ин созиши соли 2015 имзошуда, тааҳримҳои нафтии болои Эрон бархоҳад гашт. Вале ҷонибҳои дигари имзогузошта дар ин созиш бо бозбинии мавқеи Амрико розӣ нестанд. Рӯзи 8 май арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ якбора боло шуда ба марҳилаи ноябри соли 2014 баробар шуд.