Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтам, меравам Русия, кор карда, пули таҳсилро ба давлат месупорам"


Одилҷон Ҳамидов соли гузашта риштаи кимиёи яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистонро хатм кард ва қарор буд, тибқи роҳхати донишгоҳ барои кор ба мактаби зодгоҳаш ба ноҳияи Мӯъминобод бармегашт. Аммо аз бозгашт ба деҳа, ки мебоист се сол онҷо дарс мегуфт, худдорӣ карду роҳ сӯи Русия гирифт. Ҳоло дар яке аз коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ кор мекунад ва моҳона то 45 ҳазор рубл маош мегирад.

Одилҷон мегӯяд, вақте кор дар мактаби деҳаро рад кард, аз донишгоҳ талаб карданд, бояд пуле, ки аз ҳисоби давлат таҳсил карда буд, баргардонад. Ӯ гуфт, баъд аз рафтанаш ба Русия волидонаш пули таҳсили панҷсолаи ӯро ба давлат ҷуброн карданд ва акнун ӯ маҷбур нест, ки се сол ба ҳайси омӯзгор дар мактаби деҳа дарс гӯяд.

Омӯзгорӣ дар Тоҷикистон аз касбҳое ҳаст, ки бо вуҷуди кори зиёд, маоши ночизе дорад. Ба омӯзгорони оддӣ аз 500 то 1800 сомонӣ, яъне ҳадди аксар 200 доллар маош пардохт мешавад.

"Ростӣ ман намехостам Русия биоям. Вақте барои кор ба деҳа рафтам -- мактабе, ки онҷо бояд дарс мегуфтам, барои ман ҳамагӣ 12 соат дарс дар як ҳафта расид. Маош бо ин миқдор соати корӣ кам буд ва ҳатто барои таъмин сару либоси худам намерасид. Гуфтам, меравам Русия ва кор карда, пули таҳсилро ба давлат месупорам. Қариб панҷ ҳазор сомониро ба давлат пардохт кардем". Одилҷон ягона нафаре нест, ки баъди хатми донишгоҳ ба ҷои таъиншуда барои кор нарафт.

Вазорат аз 73 нафар пули давлатро бозпас гирифт

Дар як соли гузашта 73 нафар ҷавони тоҷик, ки бо вуҷуди роҳхат, ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, пули таҳсилро ба давлат баргардондаанд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, аз 589 нафаре, ки донишгоҳ ва ё омӯзишгоҳеро аз ҳисоби давлат хатм карда, вале ба ҷойи кори тавсияшуда ҳозир нашудаанд, хост, пули таҳсилро баргардонанд. Аз ин миён 73 нафар бо амри додгоҳ ҳудуди 356 ҳазор сомонӣ муодили 40 ҳазор долари амрикоиро ба буҷаи давлат баргардониданд.

Қисми дигар баъд аз баррасиҳои додгоҳӣ ба кор баргашта, аризаҳои гурӯҳи дигар ҳанӯз баррасӣ мешаванд. "Аз 4425 нафаре, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор фиристодашуда буданд, 3836 нафар ё 87 дарсад ҳозир шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 393 нафар зиёд мебошад"-гуфтанд дар вазорат. Ин хатмкардаҳо аксаран омӯзгорони оянда буданд, ки бояд тибқи роҳхат ба ҷойҳои тавсияшуда кор мекарданд.

Бар пояи як қарори ҳукумат, дар сурати риоя нашудани талаботи шартнома ё сари вақт ба кор ҳозир нашудани хатмкунандагоне, ки дар бахшҳои буҷавии донишгоҳҳо таҳсил кардаанд, донишгоҳ ҳаққ дорад аз болояшон ба додгоҳ шикоят бурда, маблағи барои таҳсили ӯ онҳо масрафшударо рӯёнад.

Маблағҳое, ки бояд мутахассисони ҷавон баргардонанд, аз 2 500 то 10 500 сомониро ташкил медиҳад. Бар асоси муқаррарот, дар Тоҷикистон ҳар нафаре, ки ройгон аз ҳисоби давлат дар донишгоҳу донишкада ва ё омӯзишгоҳ таҳсил мекунад, бояд бар тибқи қарор ва ё роҳхат ба муассисае биравад ва се сол кор кунад.

"52 нафар ба кор ҳозир нашуданд"

Давлатхон Назаров, ҳуқуқшиноси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси қарордоди сеҷониба миёни донишгоҳ, ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо ва донишҷӯ, хатмкунандаҳое ки сабабҳои узрнок надоранд, бояд ба ҷойи кори тавсияшуда ҳозир шаванд. Ба гуфтаи вай соли гузашта 52 нафар ба ҷои кор ҳозир нашуданд.

Вай афзуд, "вақте барои бозгардонидани маблағи давлат, аризаҳои додгоҳиро омода мекардем, 30 нафари онҳо ба мо ҳуҷҷат пешниҳод карданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст фаъолият доранд ва ҳанӯз ба донишгоҳ ҳуҷҷат пешниҳод накарда буданд. Онҳоро аз рӯйхат баровардем ва аризаи 22 нафари дигарро барои рӯёнидани пули таҳсил ба додгоҳ супоридем".

Назаров гуфт, то имрӯз 9 нафар хатмкардаҳои ин донишгоҳ, ки ба ҷои кор ҳозир нашуданд, пули таҳсилро ба давлат баргардонида, аризаи додгоҳии 11 нафари дигар дар дасти баррасӣ аст.

Тибқи қарори ҳукумат, хатмкардаҳое, ки хизмат дар сафи артишро адо мекунанд ё духтароне, ки баъди хатми донишгоҳ ҳомиладоранд ё кӯдак таваллуд кардаанд, мӯҳлати кор дар ҷойи тавсияшуда дароз карда шуда ҳамчун хатмкардаҳои "маъзур" дониста мешаванд.

Маоши ночизи омӯзгор дар Тоҷикистон

Омӯзгорӣ дар Тоҷикистон аз касбҳое ҳаст, ки бо вуҷуди кори зиёд маоши ночизе дорад. Ба омӯзгорони оддӣ аз 500 то 1800 сомонӣ, яъне ҳадди аксар 200 доллар маош пардохт мешавад. Теъдоди умумии омӯзгорон дар макотиби олӣ ва миёнаи кишвар беш аз 100 ҳазор гуфта мешавад. Як сабаби аслии поин будани сифати таълим дар мактабҳо ҳам ба маоши ками омӯзгорон, набуди имтиёзҳои иҷтимоӣ ва ҳавасмандии онҳо рабт дода мешавад.

Таҳлилгарони соҳаи маориф мегӯянд, бо он, ки мақомот шумораи аниқи мутахассисро тайёр мекунанд, дар ин баробар талаботи саҳеҳро ҳам таҳлил ва ба назар бигиранд. Ба назари Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон, эҳтимоли бидуни ягон сабаб ҳозир нашудани хатмкардаҳо дар муассисаи муаяншуда вуҷуд надорад.

Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон.
Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон.

Вай гуфт: "Ё барои он, ки салоҳияти касбияшон ҷавобгӯ нест, ба талаботи корфармо, ё барои он, ки ҷои кор надоранд ё кадри ҷавонон ҳамту нахост ки инҷо кор кунаду барои кор ба ҷои дигар ё Русия рафт. Бесабаб ҳозир нашудан дар муассисаи муайяншуда имкон надорад".

Ба гуфтаи ӯ, бояд фаъолияти чунин муассисаҳо таҳлил карда шавад, ки чаро мутахассиси ҷавон аз кор дар онҷо даст кашидааст, зеро ин шеваи қабулшуда дар аксари кишварҳои пешрафта аст ва бояд Тоҷикистон ҳам онро истифода барад.

Бинобар маълумоти охири Вазорати маориф, айни ҳол дар Тоҷикистон 39 донишгоҳу донишкадаҳо бо шумули шӯъбаҳояшон дар минтақаҳо фаъолият доранд. Дар ин донишгоҳҳо ҳоло беш аз 186 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад. Соли гузашта 33 ҳазор нафар донишгоҳҳоро хатм карда, вориди бозори кор шуданд. Аз ин шумор тақрибан 5 ҳазор донишҷӯ гурӯҳҳои будҷавии риштаҳои омӯзгорро хатм мекунанд ва тибқи роҳхат ба ҷойи кори тавсияшуда фиристода мешаванд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, тибқи омори расмӣ дар соли 2017 хатмкардаҳое, ки аз ҳисоби будҷаи давлат таҳсил карда буданд, нисбати соли 2016 наздики 400 нафар бештар ба ҷои кор хозир шуданд.

XS
SM
MD
LG