Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 23 ангишткани покистонӣ дар як рӯз


Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи таркиши газ ва фурӯ рехтани кони ангишт дар вилояти Балучистони Покистон 23 конкан кушта шудаанд ва 11 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Атоулло Хон, мудири Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Покистон рӯзи 5-уми май гуфт, дар натиҷаи таркиши гази ҷамъшудаи метан дар кони Марвор дар вилоят чандин нафар зери замин ва ангишт мондаанд. Ба гуфтаи ӯ, маъмурони наҷот ҷасади 11 нафарро берун овардаанд, вале 5 тани дигарро ҳанӯз пайдо накардаанд.

Ҷавоид Шоҳонӣ як мақоми баландпояи вилояти Балучистон гуфт, аз миёни 25 конкан 16 нафарашон кушта шуданд ва бозмондагонро барои муолиҷа ба шифохона бурданд.

Дар натиҷаи фурӯ рафтани кони дигаре дар минтақаи Спин Корез 7 нафар ҷон додаанд. Риоят нашудани муқаррароти амниятӣ дар конҳои Покистонро сабаби чунин фалокатҳо медонанд, ки дар гузашта ҳам бисёр ба вуқӯъ пайвастааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Низоми интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия тағйир меёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
XS
SM
MD
LG