Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Хадамоти амнияти президент барканор шуд


Барот Маманов
Барот Маманов

Абдураҳим Муъминов, раҳбари Хадамоти амнияти президенти Узбекистон, аз мақоми худ барканор ва алайҳи Барот Маманов – раиси Идораи амнияти ҳаракат дар роҳҳои Тошканд – парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми май гуфтанд, ки ба чунин “тағйирот” ҳодисае дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов сабаб шудааст. Бердимуҳаммадов охири моҳи апрел ба Тошканд рафта буд.

Абдураҳим Муъминов ҳоло муовини вазири ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон таъйин шуда, таҳқиқи парвандаи Барот Маманов идома дорад.

Манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтаанд, “Шавкат Мирзиёев он рӯзҳо яке аз иншоот дар шаҳри Тошкандро медид. Як корманди БДА хостааст, ба маҳалла дарояд. Маъмурони Хадамоти амнияти президент ба ӯ иҷоза додаанд, ки бе ягон сарусадо ворид шавад. Аммо ӯ бо садо ва суръати баланд мошинро рондааст, ки президент дидааст. Мирзиёев хашмгин шудааст.”

Абдураҳим Муъминов соли 2016 раҳбари Хадамоти амнияти президенти Узбекистон таъйин шуда буд. Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ҳоло яке аз «афроди наздик ба Мирзиёев» ба ин мақом таъйин шудааст

Хадамоти амнияти президенти Узбекистон як ниҳоди пӯшида аст. Аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, пас аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон якуним ҳазор корманди ин ниҳод озод шуда, ба ҷои онҳо кадрҳои нав омадаанд.

XS
SM
MD
LG