Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Вақти мулоқот бо раҳбари Куриёи Шимолӣ мушаххас аст


Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – гуфт, ки вақт ва маҳалли мулоқоти муҳими ӯ бо раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ун мушаххас шудааст. Аммо тафсилот надод.

Трамп рӯзи 4-уми май, қабл аз инки аз Кохи Сафед ба Даллас биравад, гуфт, “мо акнун як таърих ва як макони мушаххас дорем ва дар зудтарин фурсат онро эълон хоҳем кард”.

Раиси ҷумҳури Амрико аввалҳои ҳафта ишора карда буд, ки мулоқоти вай бо Ким Чен Ун имкон дорад, дар минтақаи ғайринизомии миёни ду Куриё сурат гирад.

Омодагӣ барои мулоқоти раҳбарони Куриёи Шимолӣ ва Амрико пас аз мулоқоти Ким Чен Ун бо раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ дар рӯзи 27-уми апрели имсол суръат пазируфт.

XS
SM
MD
LG