Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабаргузории "Тоҷнюс" барои чанд соат фаъол шуд


Хабаргузории "Тоҷнюс" баъд аз 18 моҳи таваққуф дубора фаъол шуд. Аммо ин бор масъулини сомона онро на аз дохили Тоҷикистон, балки аз хориҷи кишвар фаъол карданд. Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён (Саймиддин Дӯстов), муассиси сомонаи "Тоҷнюс" хабар дод, ки дар рӯзи 3 май сомонаи "Тоҷнюс"-ро дубора фаъол кардааст. Аз субҳи 3-юми май аллакай чанд гузориш дар сомонаи "Тоҷнюс" пахш шуд. Аз ҷумла, матлабҳо дар бораи чигуна барҳам хӯрдани ҳафтаномаи "Нигоҳ" ва ҳамчунин "интизории шумо аз гуруҳҳои мухолифи президент Эмомалӣ Раҳмон кадом аст?"

Дӯстов хабар дод, ки бо дубора фаъол кардани сомонаи "Тоҷнюс" мехоҳад, "ба истифодабарандаҳои гиромии пойгоҳи Тоҷнюс, хонандагону мухлисони нашрияи "Нигоҳ", ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҷаҳониён ҳақиқати барҳам задани расонаҳои созмони "ИНДЕМ" рушан кунем. Таваҷҷуҳи фаъолони сиёсиву ҷамъиятии кишвар, ҳизбу гуруҳҳои сиёсӣ ва ҳукумати феълии кишварро ба вазъи таассуфовари қонунмандӣ дар кишвар ҷалб созем."

Оҷонси хабарии Тоҷнюс (Tojnews) 14 ноябри соли 2016 фаъолияташро расман қатъ карда буд. Муассис ва кормандони "Тоҷнюс" дар изороти "хайрбодӣ навиштанд, "ин қарор барои мо ва фикр мекунем ҷомеаи огоҳи Тоҷикистон низ ногаҳонӣ нест. Интизор доштем, ки баъди аз чоп мондани нашрияи "Нигоҳ" навбати мо мерасад. Ҳамчунон, ки навбати як-ду расонаи мустақили боқимонда низ хоҳад расид."

Бино ба қавли муассис ва кормандони "Тоҷнюс", "дигар дар Тоҷикистон шароити лозим барои фаъолияти расонаи мустақил ва журнализми озод мавҷуд намебошад. Умедворем, ин вазъ абадӣ нахоҳад монд."

Хабаргузории "Тоҷнюс" моҳи сентябри соли 2009 аз тарафи созмони ИНДЕМ, ки муассисаш Саймуддин Дӯстов (Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён) аст, ташкил шуда ва дар ҳафт соли гузашта яке аз хабаргузориҳои пешқадам дар Тоҷикистон буд.

Ин хабаргузорӣ бештар бо ифшо кардани ахбороте, ки дар долонҳои ҳукумат давр зада, вале бисёр вақт берун намеомаданд, маъруфият дошт. Инчунин ин торнамо тарҳҳои махсусеро аз қабили "суоли рӯз", "чеҳра", "гузоришҳои махсус", "интригаи рӯз" ва "сӯҳбати доғ" ба роҳ монда буд.

Дар охири моҳи октябри соли 2016 ҳафтаномаи "Нигоҳ" эълон кард, ки фаъолияташро қатъ кардааст ва далелашро "набудани шароити лозим" номид. Созмони ҷамъиятии ИНДЕМ, муассиси ҳафтаномаи "Нигоҳ" ва "Тоҷнюс", ки ҳоло аз фаъолият бозмонданд, аз соли 2002 дар Тоҷикистон фаъол аст.

XS
SM
MD
LG