Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия масрафоти низомиашро коҳиш дод


Таҳримҳои ғарб ва рукуди нишондодҳои иқтисодии Русия дар соли гузашта боис шуд, ки хароҷоти низомии ин кишвар то 20 дар сад коҳиш дода шавад. Ин нахустин коҳиш дар хароҷоти низомии ин кишвар дар 20 соли охир мебошад. Дар ин бора як пажӯҳишгоҳи таҳқиқотӣ хабар додааст. Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи сулҳи байналмилалӣ дар Стокҳолм бо нашри гузорише рӯзи 1 май гуфт, ки бо вуҷуди намоиши зӯри низомиаш дар саҳнаи ҷаҳонӣ, ғасби нимҷазираи Қрим дар соли 2014, пуштибонӣ аз ҷудоиталабони шарқи Украина ва дахолаташ ба ҷанги дохилии Сурия аз соли 2015, Маскав маҷбур шуд, ки хароҷоти низомиашро тавре коҳиш диҳад, ки ояндаи амалиёташро зери суол мебарад. Ин дар ҳолест, ки масрафот дар бахши низомӣ дар саросари ҷаҳон дар соли 2017 ба нишондоде баробар шуд, ки замони баъди Ҷанги сард буд ва ин вазъ дар ИМА, Чин ва Арабистони Саудӣ мушоҳида шудааст. Дар феҳристи кишварҳое бо масрафоти баландтарини низомӣ дар саросари ҷаҳон - Русия ба мақоми чорум фаромад ва чунин коҳиш нахустин бор баъди соли 1998 мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG