Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА боз як зодаи Узбекистонро ба терроризм айбдор карданд


Тарҳи чеҳраи Аҳрор Саидаҳмадов дар додгоҳ
Тарҳи чеҳраи Аҳрор Саидаҳмадов дар додгоҳ

Додгоҳи федеролии ИМА зодаи Узбекистон Бахтиёр Ҷумъаевро дар ду ҷинояти марбут ба терроризм айбдор кард.

Ба навиштаи The Denver Post, додситонҳо Ҷумъаевро дар кумаки молӣ ба гуруҳи даҳшатафкани "Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ" ва кӯшиши пайвастан ба сафи ин гурӯҳ айбдор карданд. Ба гуфтаи онҳо, паноҳандаи узбек ба ҳисоби ин гуруҳ 300 доллар ворид кардааст.

Вакили дифои Ҷумъаев Дэвид Бэрри Савитс 30 апрел дар додгоҳ талош кард, айбҳои эъломшударо рад кунад. Ӯ гуфт, шахси зери ҳимояаш ба воситаи ҳисоби мазкур қарзи худро баргардондааст. Вале додситон Грегори Ҳоллоуэй гуфт, Ҷумъаев соли 2012 ҳангоми бозпурсӣ дар Идораи федеролии тафтишотии ИМА иқрор кард, ки ин пулҳоро ба ҳисоби "Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ" фиристод.

Савитс дар посух афзуд, ки кормандони Идораи федеролии тафтишоти ИМА аз шахси зери ҳимояи ӯ он замон баёноти бардурӯғ гирифтаанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, Ҷумъаев он рӯз баъд аз навбатдорӣ дар қабристон боздошт шуд. "Бинобар ин, ӯ дар се соати бозпурсӣ дар ҳолати тарсу ҳарос қарор дошт ва хеле хаста буд. Фикр мекард, ки ба дом афтодааст", - афзуд вакили дифоъ.

Ба иттилои The Denver Post, додгоҳ ҳукми Ҷумъаевро 18 май эълон хоҳад кард. Тайи солҳои ахир ин бори чандум аст, ки шаҳрвандони Узбекистон дар ИМА ба анҷоми ҷиноятҳои марбут ба терроризм айбдор мешаванд. Пештар зодаи Узбекистон Сайфулло Саипов ҳам бо айбномаи ҳамлаи террористӣ дари Ню-Йорк маҳкум ба зиндон шуд.

XS
SM
MD
LG