Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсии нирӯи ҳастаӣ иттиҳоми Исроилро дар бораи Эрон тасдиқ намекунад


Оҷонсии байналмилалии нирӯи ҳастаӣ, ки марбут ба СММ аст, гуфт, шаҳодати қобили эътимоди инро, ки Эрон гӯё дар сари эҷоди “аслиҳаи инфиҷоркунанда” бошад, надорад. Ин созмон рӯзи 1 май гуфт, ки баъди он ки аз соли 2009 ба ин воқеият мутақоид шуд, баҳси тавлиди силоҳи ҳастаиро баст ва дар ин бора дар гузориши моҳи декабри соли 2015 ҳам хулосаҳояшро иншо кард.

Дар гузориши соли 2015 гуфта мешавад, ки “оҷонсӣ баъди соли 2009 нишонаҳои қобили эътимоди фаъолиятҳои Эронро дар самти тавлиди маводи ҳастаии тарканда пайдо накард. Бар асоси гузориши умумӣ, шӯрои мудирон тасмим гирифт, ки ин қазия баста шавад”, гуфта шуд дар изҳороти рӯз 1 маи Оҷонсии байналмилалии нирӯи ҳастаӣ.

Изҳороти оҷонсӣ як рӯз баъди изҳори назарҳои нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу нашр шуд. Нетаняҳу рӯзи 30 апрел гуфт, ки Исроил ҳуҷҷатҳое дар ихтиёр дорад, ки нақшаи фаъолияти ҳастаии Эронро дар амри эҷоди силоҳи таркандаи ҳастаӣ фош мекунад.

Бар асоси созиши соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ, Эрон фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро барои тавлиди бомбаи атомӣ қатъ карда, бар иваз аз аксар таҳримҳои байналмилалӣ озод шуд.

Аз он замон то кунун нозирони Оҷонсии ҳастаии СММ чандин бор гузориш доданд, ки Эрон мутобиқ ба ҳамин созиш амал кардааст.

Давлатҳои аврупоӣ гузориши раҳбари Исроиро беарзиш номида, вале ИМА аз ин шаҳодати ба гуфтааш “дурӯғи” Эрон истиқбол кард. Эрон дар ҷавоб Нетаняҳуро як “дурӯғгӯи маъруф” номид.

Ин ҳама дар шароите садо медиҳад, ки ИМА дар фикри берун шудан аз созиши ҳастаӣ бо Эрон мебошад.

XS
SM
MD
LG