Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ошхона, ки мурғҳоро зинда дар дег мепухт, баста шуд


Мақомоти назорати беҳдошт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошхонаи "Мурғи ором"-ро, ки мурғҳоро зинда дар дег мепухтанд, бастаанд.

Ошхонаи "Мурғи ором" дар канори Хуҷанд маҳз бо мурғҳои пухташудаи хонагӣ маъруф буд, вале охиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки нишон медод масъулони ин ошхона дар шароити бади беҳдоштӣ мурғҳоро зинда ба деги ҷӯшон андохта, баъдан забҳ ва онро пар мекунанд.

Дар Маркази назорати давлатии сантариву эпидемиологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтанд, бори охир фаъолияти ин ошхона моҳи декабри соли 2017 тафтиш шуда, як зумра камбудиҳо ошкор ва барои ин 1 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд.

Фурқат Шарипов, муовини сардухтури Маркази давлатии назорати санитарию эпидеомологии рӯзи 1-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз пайдо шудани наворҳо билофосила ба тафтиши фаъолияти ин ошхона шурӯъ карданд.

Ӯ гуфт: "Дар рафтаи тафтиш ошкор шуд, ки масъулони ин ошхона 15 рӯз қабл аз ин ба хотири 50 дирам арзонтар афтодани гӯшти ҳар мурғ дар канори шаҳри Хуҷанд як кӯшишхонаи ғайриқонунӣ таъсис доданд. Дар ҳақиқат дар рафти санҷиши мо камбудиҳои санитарӣ ошкор шуд".

Шарипов афзуд, баъд аз санҷиш ва ошкор шудани камбудиҳо, бо қарори Маркази санитариву эпидемиологӣ фаъолияти ошхона аз рӯзи 20-уми апрел қатъ карда шуд. Ба гуфтаи ин масъули Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ дар нисбати ошхонаи маъруф ба “Мурғи ором”, ки дар асл "Муҳаммад" дорад ва моликаш Фазулло Олимов мебошад, протокол тартиб дода, ба мақомоти прокуратураи ноҳяи супурда шудааст.

Фурқат Шарипов гуфт, мақомоти прокуратура дар нисбати ин соҳибкор бар асоси санҷишҳои онҳо баҳои ҳуқуқӣ хоҳад дод. Дар Маркази назорати давлатии сантариву эпидемиологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтанд, бори охир фаъолияти ин ошхона моҳи декабри соли 2017 тафтиш шуда, як зумра камбудиҳо ошкор ва барои ин 1 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда буд.

Аммо масъулони беҳдоштӣ мегӯянд, дар ин миён бо тасмими ҳукумати ҷумҳурӣ дар мақомоти назорати санитариву эпидемиологӣ тағйироти сохторӣ ҷараён дошт ва кормандони ин ниҳод аз нав ба кор пазируфта шуданд.

Ҳангоми ҷарён доштани тағйироти сохторӣ дар идораву муассисаҳо санҷишу тафтиш бурда намешуд ва ба гуфтаи мақомот, соҳибкорон аз ин фурсат истифода карда, меъёрҳои санитариву эпидемиологиро ба хотири гирифтани фоидаи муфт, поймол кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG