Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ф.Ҳакимов: Владимир Юматов дили тоҷикӣ дошт


Акси марҳум В.Юматов аз саҳифаи фейсбукии ӯ гирифта шудааст
Акси марҳум В.Юматов аз саҳифаи фейсбукии ӯ гирифта шудааст

Хабари марги Владимир Юматов, мусиқишинос ва коргардони овоз ҳунармандону дӯстони ӯро ҳайратзада кард. Мусиқидон ва оҳангсози маъруф рӯзи 30 апрел дар як бемористони Душанбе дар синни 44-солагӣ даргузашт. Ин мусиқинавозу оҳангсоз, ба гуфтаи дӯстонаш, як соли охир аз бемории шуш ранҷ мебурд.

Дӯстону наздиконаш аз ӯ ҳамчун як инсони самимӣ ва коргардони ҳирфаӣ ном мебаранд. Фейруз Ҳакимов, оҳангсози мусиқии замонавӣ ва дӯсти наздики Владимир Юматов мегӯяд, қарор буд рӯзи 4-уми май шоми эҷодии Владимир Юматов баргузор гардад. Ӯ рӯзи 30-юми апрел ба Радио Озодӣ гуфт: "Ҳарчанд тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамдигар менавиштем, вале мутаассифона вақтҳои охир натавонистам бо ӯ бошам. Ҳарду серкор будем, аммо аз ҳоли ҳамдигар мепурсидем. Бовар кунед, касе интизор надошт, ки чунин мешавад. Ду рӯз қабл ӯро дубора дар беморхона бистарӣ карданд ва имрӯз хабар ёфтем, ки ӯ даргузаштаст".

Ба гуфтаи Фейруз Ҳакимов, Владимир Юматов дар коркарди садо тариқи компютер ё аранжировка ҳунари тавоно дошт ва тозагиҳои зиёде дар мусиқии тоҷик ба миён овардааст. Ҳамчунин, аз ҷиҳати техникӣ студияҳои овозиро таъмин мекард. Ӯ мегӯяд, Владимир бештар болои худаш кор мекард, меомӯхт. Оҳанги "Садои борон" дар иҷрои Садриддин Наҷмиддин нахустин суруд бо истифода аз коркарди садои компютерӣ будааст, ки баъдан ин навъи оҳанг дар суруди "Боронак"-и гуруҳи "Фарзин" ҳам истифода шудааст.

Фейруз Ҳакимов мегӯяд, ҳарчанд Юматов тоҷик набуд, вале рӯҳан як тоҷики ҳақиқӣ буд." Ӯ кушиш мекард, ки забони тоҷикиро омӯзад, бо забони тоҷикӣ мусиқӣ эҷод кунад. Аз ин хотир дар Тоҷикистон монд. Вай ватандӯсти воқеӣ буд", - мегӯяд Фейруз Ҳакимов.

Ӯ баъди маргаш аз худ ду фарзанд - як писару як духтар боқӣ гузошт.

XS
SM
MD
LG