Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду духтар ҳини гирифтани "селфӣ" дар Сурхоб ғарқ шуданд


Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар доданд, ки ҷасади ду ҷавондухтарро аз дарёи Сурхоб пайдо кардаанд. Ин ду духтари ҷавон пас аз он ба дарё афтиданд, ки яке аз онҳо мехостааст дар пасманзари дарёи Сурхоб “селфи” гирад.

Аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодисаи ба дарё афтидани ду ҷавондухтари 19 ва 15 сола шоми 28 апрел рух дод. Ба қавли манбаъ, ҷавондухтари 19-сола сокини шаҳри Душанбе буда, барои дидорбинӣ ба назди пайвандонаш ба ноҳияи Рашт рафтааст.

Ин ҷавондухтар, ки мақомот номашро ошкор накарданд, мехостааст ҳангоми бозгашт “дар мавзеъи шӯхоб, дар манзараи туғёни мавҷи хурӯшони рӯди Сурхоб расм гирад ва пояш лағжидаву мувозинаташро гум кардааст. Духтари 15-сола аз ҷумлаи хешовандони вай, ки мехост кӯмакаш кунад, низ ҳамроҳ бо вай ба дарё рафт.”

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯянд, баъд аз як рӯзи ба дарё афтидани ин ду ҷавондухтар ҷасади онҳо рӯзи 29 апрел пайдо шуда, ба мақомоти милитсияи ноҳия супурда шуданд.

Ин нахустин ҳодисаи ғарқ шудани духтарони ҷавон дар пайи аксгирӣ ё “селфи” нест. Моҳи апрели соли гузашта Нишона Умарова низ дар пайи “селфи” ба дарёи Вахш афтида, ҳалок шуд. Давоми як сол то ҳол ҷасади ӯ пайдо нашудааст

Дар зимн Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз сокинони кишвар ва меҳмонон тақозо кардааст, ки “дар соҳили рӯдхонаҳо, ҳавзу каналҳо чораҳои амниятиро риоя кунанд, аз аксбардорӣ дар қитъаҳои хатарноки кӯҳӣ ва дарёҳои тезоб худдорӣ намоянд.”

XS
SM
MD
LG