Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп: Эрон ба силоҳи атомӣ даст нахоҳад ёфт


Доналд Трамп ва Ангела Меркел
Доналд Трамп ва Ангела Меркел

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – таъкид кард, ки Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст нахоҳад ёфт. Аммо нагуфт, дар сурати шикасти созиши атомӣ чӣ иқдомеро дар заминаи ҷилавгирии Эрон аз дастёбӣ ба силоҳи атомӣ рӯи даст мегирад.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа дар нишасти муштараки хабарӣ бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, гуфт, дар ин маврид ки оё аз нирӯи низомӣ истифода хоҳад кард ё не, ҳарф намезанад. Вале афзуд, “ба Шумо итминон медиҳам, ки онҳо силоҳи атомӣ нахоҳанд сохт”.

Доналд Трамп рӯзи 12-уми майи имсолро “зарбулаҷал” барои ислоҳи онки “камбудҳо” дар созиши ҳастаии Эрон мехонад, таъйин кардааст.

Ин созиш соли 2015 дар замони раёсати Барак Обама миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ имзо шуда буд.

XS
SM
MD
LG