Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон қонуни раъйпурсиро иваз мекунад


Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ дар бораи раъйпурсиро ба порлумон фиристод. Бахтиёр Худоёрзода – раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ – рӯзи 27-уми апрел дар ҷаласаи ҳукумат гуфтааст, тағйирот тартиби нави пур кардани варақаҳои овоздиҳиро мушаххас хоҳад кард.

Инчунин, ба қавли ӯ, дар тарҳи нав “тартиби оғоз ва қатъи муҳлати кори нозирони миллӣ ва байналмилалӣ ва тартиби эълони натиҷаи аввалӣ ва ниҳоии раъйпурсӣ” ҷой дода шудааст.

Тафсилоти аз ин бештари хабар дастрас нест. Ин тарҳ танҳо пас аз ризояти аъзои ду палатаи порлумон ва имзои раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба иҷро хоҳад даромад.

Тоҷикистон бори охир моҳи майи соли 2016 ба хотири ислоҳи Қонуни асосӣ раъйпурсӣ баргузор кард. Ин тағйирот ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳақ дод, ки бидуни маҳдудият дар қудрат бимонад. Инчунин, ислоҳи Қонуни асосӣ роҳи афроди аз сисола болоро барои иштирок дар интихоботи президентӣ боз намуд.

Нозирони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой пайваста интихоботу раъйпурсӣ дар Тоҷикистонро озоду шаффоф номидаанд. Аммо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ гуфтаанд, раъйпурсиву интихоботҳо дар Тоҷикистон ношаффоф мегузарад.

XS
SM
MD
LG