Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиби Трамп номзадиашро аз мақоми вазири қаҳрамонҳо лағв кард


Ронни Ҷексон
Ронни Ҷексон

Ронни Ҷексон, табиби хусусии президенти ИМА Доналд Трамп, номзадиашро аз мақоми раҳбари Департамент дар умури ветеранҳо лағв кард. Ҷексон дар ҳоле аз ин мақом даст кашид, ки ӯро ба "рафтори ғайриқонунӣ" муттаҳам карданд ва кумитаи Сенат тасдиқи номзадии ӯро мавқуф гузошт.

Ронни Ҷексон дар изҳороташ аз президент, ки ба ӯ эътимод ва номзадиашро ба ин мақом пешниҳод кард, изҳори сипос намуд, аммо гуфт, номзадиашро бозпас гирифт.

Кумитаи Сенат дар умури ветеранҳо ин маълумотро, ки Ҷексон - духтури се президент, ҳамчун табиби Кохи Сафед муҳити кории хасмона эҷод кард, дар ҷойи кор шароб менӯшид ва барои худаш варақаи дору менавишт, мавриди таҳқиқ қарор дод.

Ҷузъиёти иттиҳом алайҳи номзад ба мақоми вазирӣ дар дуюмин бузургтарин вазорати ҳукумати федеролии ИМА, аз тарафи кумитаи Ҳизби демократ ҷамъоварӣ шуд.

Ҷексон иттиҳомро "комилан сохтаву дурӯғин" унвон кард ва гуфт, "мутаассифона, ин Вашингтон аст. Айбдоркуниҳои сохта сабаб шудаанд, ки мо ба ҷойи муроқибат аз қаҳрмонҳоямон, аз паси ин гапу хабарҳо мегардем".

Ронни Ҷексони 50-сола дар маъмурияти президенти пешин Ҷорҷ Буши хурдӣ ва Барак Обама ба ҳайси табиби хусусӣ кор мекард. Намояндагони демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳон ба ӯ лутф доштанд.

XS
SM
MD
LG