Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавлавӣ Юсуфшоҳ: "Хуносоҳо ҳам махлуқи Худо ҳастанд" ВИДЕО


Чаҳат аз ноҳияи Своти Покистон аст. Хуносо аст ва рақсро дӯст медорад. Баъд аз онки оила аз ӯ рӯ гардонд, барои зиндагӣ ба Пешовар рафт.

Моҳи март порлумони Покистон қонуни манъи табъизи хуносоҳоро қабул кард, ки иҷоза медиҳад, ҷинси худро интихоб кунанд. Баъзе аз рӯҳониён низ ба ҳимояти онҳо садо баланд кардаанд.

"Вақте Толибон ба Свот омаданд ва авзоъ хароб шуд, аҳли оила ба ман таҳдид мекарданд, ки агар рафторамро тағйир надиҳам, ба Толибон месупоранд. Дигар кори Толибон хоҳад буд, ки маро зинда ба гӯр мекунанд, ё оташ мезананд, ё мекушанд. Ман сахт тарсидам, чун Толибон ба мардум бисёр зулм мекарданд",- нақл кард Чаҳат.

Ӯ мегӯяд, вақте ба Савобӣ рафт, афроди мисли худашро дид ва хушҳол шуд: "Пеш аз омадан ба инҷо фикр мекардам, ягона инсони хуносо дар ҷаҳон ман ҳастам ва ин гуноҳ аст. Баъди мулоқот бо хуносоҳои дигар хушҳолу мутмаин шудам ва фаҳмидам, ки мисли ман инсонҳои дигар буданд.”

Чаҳат бо ҳамҷинсони дигараш дар як хона иҷора менишинанд. Чун шанси бисёр ками ёфтани корҳои дигар доранд, бо раққосагӣ дар тӯйҳо ва ҷашнҳои хусусӣ рӯз мегузаронанд.

Ӯ мегӯяд, "барои пули бисёр кам мерақсем, ҳатто ҳамин ҳам бисёр кам аст. Манбаи дурусту доимии даромад надорем. Барои иҷораи хона 25 ҳазор рупия, тақрибан 216 доллар, медиҳем. Барои либосу ороиш ва дигар чизҳо низ пул лозим аст, ки ёфтанаш осон нест."

Чаҳат афзуд, "барои ин кор касе моро ҳурмат намекунад. Мо кори дигар бо музди дуруст мехоҳем. Он гоҳ аз худ қаноатманд мешавем ва бо хушҳолӣ зиндагӣ мекунем.". Чаҳат мегӯяд, пайваста озораш медиҳанд. “Пулис ҷашнҳои моро баҳам мезанад, агар ҷашн набошад, мо нон намеёбем”, - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мавлавӣ Юсуфшоҳ: "Хуносоҳо ҳам махлуқи Худо ҳастанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

Дигар афроди хуносо мисли Бобӣ, дӯсти Чаҳат, мегӯяд, азияту озори зиёд дидааст. Ӯ гуфт, “як шаб ба ҷашне рафтем. Вақте бозгашт, афроди мусаллаҳе хостанд пеши роҳи мошинамонро бигиранд. Ронанда хост, фирор кунад, вале онҳо ба тирандозӣ шурӯъ карданд. Ба бисёре аз дӯстонам тир расид, мошин хароб шуд. Се нафар кушта ва ду нафар захмӣ шуданд. Танҳо ман осеб надидам. Афроди мусаллаҳ омада пул кофтанд, телефонҳояшонро гирифтанд. Баъд маро таҷовуз карданд.”

Соли 2016 яке аз ҳомиёни ҳуқуқи хуносоҳо бо номи Алишаро куштанд, ки яке аз ҳамлаҳои афзоянда ба хуносоҳо дар Покистон дар чанд соли пеш аст. Аз соли 2015 ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ дар Покистон 50 хуносоҳо кушта шудаанд.

Вале аломатҳое аз ҳаракатҳои мусбат барои ҳифзи ҳуқуқи хуносоҳо ба чашм мерасанд. Пулис гуфт, "мо ҳамроҳ бо ҳукумат барои таъйини сиёсати муҳофизат ва ҳимояти ҳуқуқи хуносоҳо кор мебарем. Ва ҷиддӣ амал мекунем."

Моҳи март порлумони Покистон қонуни манъи табъизи хуносоҳоро қабул кард, ки иҷоза медиҳад, ҷинси худро интихоб кунанд. Баъзе аз рӯҳониён низ ба ҳимояти онҳо садо баланд кардаанд. Рӯҳонӣ Мавлон Юсуфшоҳ мегӯяд, “хуносоҳо ҳеҷ камӣ надоранд. Онҳо мисли марду занҳо махлуқи Худо ҳастанд.”

Чаҳату рафиқонаш барои қабул шудан дар ҷомеа муборизаи сахте дар пеш доранд. Ҳоло фақат дар ҷомеаи хурдашон дасти якдигарро мегиранд ва мисли аҳли хонаводае ҳастанд. "Мо дар лаҳзаи шодиву мотам шарики ғами ҳамдигар ҳастем. Мо фақат якдигарро дорем, дигар ҳеҷ касро",- хулоса кард Чаҳат.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG