Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон: Интихоби нахуствазир 1 май баргузор мешавад


Рӯзи 25-уми апрел раиси Маҷлиси миллии Арманистон Ара Баблоян гуфт, ки порлумон барои интихоби нахуствазири нав рӯзи 1 май ҷамъ мешавад. Дар ин бора сомонаи порлумон хабар додааст.

Рӯзи гузашта вазири умури хориҷии Арманистон Эдвард Налбандян барои музокирот вориди Маскав шуд. Дар ин бора як манбаи доираҳои дипломатӣ ба "Интерфакс" хабар дод. Маълум нест, ки Налбандян дақиқан бо кӣ мулоқот мекунад. Аммо ин манбаъ гуфт, ки музокирот ба бӯҳрони сиёсӣ дар Арманистон рабт дорад.

Ҳамзамон дафтари матбуоти иҷрокунандаи вазифаи муовини аввали нахуствазир Армен Геворкян хабар дод, ки ӯ рӯзи 26 апрел ба Маскав рафт. Маълум нест, ки Геворкян ва Налбандян якҷо ба мулоқот мераванд ё хайр.

Раҳбари эътирозҳои Арманистон, намояндаи мардумӣ дар порлумон Никол Пашинян, рӯзи панҷшанбе аз тарафдоронаш даъват кард, ки ба масдуд кардани кӯчаҳои Ереван хотима гузоранд. Пашинян ба зарурати ҳаракати бемамониати нақлиёти шаҳр ва ҳифзи тартибот таъкид кард.

XS
SM
MD
LG