Ризо Паҳлавӣ, валиаҳди пешини Эрон мегӯяд, ки ҷасади пайдошуда дар маҳали оромгоҳи вайроншудаи бунёдгузори хонаводаи паҳлавӣ ба эҳтимоли бисёр қавӣ пайкари Ризошоҳ бошад.
Шоҳзода Ризо Паҳлавӣ рӯзи сешанбеи 24-уми апре дар баёнияе, ки дар сафҳаи "Твиттер"-и худ нашр кард, аз ҳукумати Эрон ва "мақомоти масъул" хост, то барои рӯшан шудани афкори умумӣ ва бартараф кардани ҳар гуна нофаҳмиҳо, имкони дастрасӣ ба пайкарро ба табибон ва коршиносони илмии мавриди эътимод ва таъйиди хонаводаи онҳо бидиҳанд.
Ризошоҳи Паҳлавӣ, бунёдгузори силсилаи паҳлавӣ аз 15-уми декабри соли 1925 то 16-уми сентябри соли 1941 шоҳи Эрон буд ва бо ҳамлаи нерӯҳои бритониёӣ ва Иттиҳоди Шӯравии пешин ба Эрон аз қудрат канор рафт ва ба Африқои Ҷанубӣ бадарға шуд.
Содиқ Халхолӣ дар хотироти худ иддао карда буд, ки ҳангоми тахриби ин оромгоҳ ҷасаде кашф нашуд ва Муҳаммадризо Паҳлавӣ ҳангоми хуруҷ аз Эрон ҷасади падарашро бо худ бурда буд. Вале Ризо Паҳлавӣ рӯзи сешанбе дар "Твиттер"-и худ бори дигар ин иддаоро радд кард ва гуфт, "пайкари Ризошоҳ ҳаргиз тавассути падари фақидам ва хонаводаи паҳлавӣ аз оромгоҳаш дар Шаҳррай хориҷ нашуд ва бархе овозаҳои мунташиршуда дар ин хусус ҳеҷ поя ва асосе надорад."
Вай афзуд, "пайкари Ризошоҳ дар ниҳоят бояд дубора дар Эрон ва мутобиқи хостаҳои хонаводаи мо ва мардуми Эрон, он гуна, ки шоиста ва сазовори ӯ аст, ба хок супурда шавад". Валиаҳди пешини Эрон таъкид дорад, ки "оромгоҳи Ризошоҳ -- агар на ба унвони падари Эрон навин ё як подшоҳ, балки танҳо ба унвони як сарбоз ва хизматгузори миллат ва меҳан, бояд нишон дошта бошад ва барои ҳамагон шинохташуда бошад."
Ризо Паҳлавӣ масъалаи кашфи "пайкари Ризошоҳ"-ро мавзӯе бо "паҳлӯҳои миллӣ ва таърихӣ" донист ва баён дошт, ки "Ризошоҳ ба ҳама мардуми Эрон ва дӯстдоронаш тааллуқ дорад". Ӯ аз ҳама мардуми Эрон хост, то аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва низ таҷаммуъҳои мусолиматомези сартосарӣ ёд ва номашро гиромӣ бидоранд ва ба онҳо "дар посухгӯ кардани ҳукумат ва ба саранҷом расонидани муносиб ва шаффофи моҷаро кӯмак кунанд."
Рӯзи 23-юми апрел бархе аз расонаҳо, аз ҷумла "Рӯзи орзу" хабар доданд, ки дар тарҳи васеъ кардани ҳарами Абдулазим Ҳасанӣ дар Шаҳррай як ҷасади "мумиёшудае" кашф шудааст, ки эҳтимол дорад ҷасади Ризошоҳ, муассиси силсилаи подшоҳии паҳлавӣ бошад.
Бо ин ҳол, чанд соат пас аз нашри ин хабар, мақомоти Созмони мероси фарҳангӣ ва дигар ниҳодҳо суханони зиддунақизе дар бораи кашфи ин ҷасад баён карданд. Як масъул дар ин минтақа гуфта буд, ки ҷасади кашфшуда "боқимонда аз як ҷасади табиӣ аст" ва "чеҳраи он шинохта намешавад". Вале раиси Кумитаи мероси фарҳангии Шӯрои шаҳри Теҳрон гуфтааст, ки "ин ҷасад "мумиёишуда" буд ва пайи кофтуков дар қисмати ғарбии саҳни Шоҳ Абдулазим Ҳасанӣ пайдо шуд.
Сайти "Рӯзи орзу" рӯзи сешанбе ҷузъиёти бештаре дар бораи ин кашф мунташир кард ва аз ҷумла навишт, ки асри рӯзи якшанбе ҳини ҳафриёт барои васеъ кардани бахши ғарбии остони Абдулазим, "тими кофтуковкунанда дар маҳали мақбараи тахрибшудаи Ризошоҳ машғули бардоштани боқимондаҳои мақбарае дар дили хок буданд", ки ба ин пайкара рӯбарӯ шуданд.
Ба навиштаи ин сайт, аммо бар асари зарбаҳои воридшуда, пайкари мумиёӣ аз чанд нуқта шикаста ва бино ба гуфтаи яке аз коргарон, ҷасад дар ҳоле пайдо шуд, ки се тика шуда буд. Ин манбаъ аз қавли як манбаи маҳаллӣ хабар додааст, ки "пас аз берун овардани ҷасади мумиёӣ, онро дубора дар ҳамон маҳдудаи ҳарами Ҳазрати Абдулазим дигарбора дафн кардаанд."
Ризошоҳи Паҳлавӣ, бунёдгузори силсилаи паҳлавӣ аз 15-уми декабри соли 1925 то 16-уми сентябри соли 1941 шоҳи Эрон буд ва бо ҳамлаи нерӯҳои бритониёӣ ва Иттиҳоди Шӯравии пешин ба Эрон дар соли 1941 аз қудрат канор рафт ва ба Африқои Ҷанубӣ бадарға шуд. Вай дар соли 1944 дар ин кишвар даргузашт ва пайкараш ба Қоҳира фиристода шуд ва пас аз мумиёӣ шудан, барои солҳо ба расми амонат онҷо боқӣ монд.
Саранҷом дар соли 1951 пайкари ӯ ба Эрон оварда шуд ва дар остони Абдуазим Ҳасанӣ дар Шаҳррай дар ҷануби Теҳрон дафн шуд ва сипас биное рӯи мақбараи вай сохта шуд, ки пас аз Инқилоби исломӣ дар соли 1979 аз сӯи Содиқ Халхолӣ, ҳокими шаръ тахриб шуд.
Содиқ Халхолӣ дар хотираҳои худ навиштааст, ки тахриби оромгоҳи Ризошоҳ 20 рӯз давом кард, зеро бино бисёр маҳкам буд ва бо булдозер, кран, грейдер ва васоили техникии қавӣ муваффақ ба тахриби он нашуданд ва дар ниҳоят аз маводи тарканда истифода карданд.
Эътирозҳои моҳи январи имсол дар Эрон дубора номи Ризошоҳ ва хонаводаи паҳлавиро ба саҳнаи сиёсии Эрон бозгардонд ва эътирозгарон шиор сар медоданд -- "Ризошоҳ рӯҳат шод бод", "Чӣ иштибоҳе кардем, ки инқилоб кардем", "Эй шоҳи Эрон, баргард ба Эрон" ва "Эрон, ки шоҳ надора, ҳисоб китоб надора"