Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз ронандагии занҳои ошиқ метарсам" ВИДЕО


Яке аз назардиҳандагон дар хиёбонҳои пойтахт

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе аз ронандагии занҳо тавсиф карда, баъзеи дигар онро хатарбор донистанд. Ва ҳарду тараф барои тақвияти андешаи худ далел пеш оварданд:

  • Баъзе занҳо ба мисли мардон шердил ҳастанд. Хуб ронандагӣ мекунанд;
  • Вақте як зан сари чамбараки мошин аст, ҳатман марде ӯро ҳамроҳӣ кунад. Духтарон баъзан мусиқиро баланд кардаву ба гапи бачаҳо дода мешаванд ва тасодуф мекунанд;
  • Зан ором меронад, мисли мардҳо дар роҳ сабқат намекунад;
  • Занҳое, ки мусофирбарҳои ҷамъиятиро меронанд, хеле ором ҳастанд. Онҳо хуб меронанд;
  • Бисёрии онҳо парвонаи ронандагиро «мехаранд»;
  • Занҳои ронанда хубанд. Онҳо аз мардҳо дида боэҳтиёт меронанд;
  • Ронандагии занҳо ба ман маъқул нест. Ба зан намезебад;
  • Занҳое, ки ронандагӣ мекунанд, хатарнок аст. Хуб аст, ки мард мошинро идора кунад;
  • Он вақт аз ронандагии занҳо намеҳаросам, ки ошиқ набошанд. Баъзан ҳушу хаёлашон банди сайругашт шуда, имкон дорад, садама кунанд.
  • "Аз ронандагии занҳои ошиқ метарсам"
    лутфан мунтазир бошед
    Embed

    Феълан кор намекунад

    0:00 0:02:29 0:00

Шумо дар ин бора чӣ назар доред? Фикри худро ба мо бинависед.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG