Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати шатранҷбозони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканд. САДО


Шатранҷбозони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ аз Узбекистон, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, ширкат меварзанд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар пойтахти Узбекистон барои бори дувоздаҳум баргузор шудааст, бо иштироки шатранҷбозон аз Арманистон, Афғонистон, Беларус, Белгия, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Украина ва Эрон то рӯзи 1-уми май идома хоҳад кард. Мусобиқа аз рӯи системи швейтсарӣ аз 9 давр иборат аст. Шатранҷбозон ба ду гурӯҳ – гурӯҳи асосии "А" ва гурӯҳи бачагонаи "Б" миёни наврасони то 12-сола – тақсим шудаанд.

Дар ин бора Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, рӯзи 24-уми апрел ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ афзуд, “ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ шатранҷбоз дохил аст. Дар гурӯҳи бузургсолон бародарон Муҳаммадхоҷа ва Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаевҳо, Аминҷон Қобилов, Муҳаммадамин Аброров, Бахтовар Қосимзода, Мирзо Сатторов, Муҳаммад Юнусов ва Темур Исмоилов рақобат мекунанд. Ду нафар – Сабрина Абророва ва Ҷалолиддини Илҳомӣ - ба гурӯҳи шатранҷбозони наврас дохиланд. Умедворем, ки устоди байналмилалӣ Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев ба рӯйхати ҷоизадорони ин мусобиқа дохил мешавад.”

Гуфтугӯ бо Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
Линки мустақим

Маблағи ҷавоизи мусобиқаи мазкур 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки барои ҷойи аввал 3 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд. Дар гурӯҳи "А" 15 ҷоизаи аслӣ ва махсус таъсис дода шудааст.

Бояд гуфт, ки Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, соли 2016 дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканд бо 7,5 имтиёз аз 9 бозӣ мақоми аввалро соҳиб шуда, бо ҷоизаи молӣ ба маблағи чор ҳазор доллар сарфароз гардида буд. Ин дувумин пирӯзии шатранҷбози тоҷик дар ин мусобиқа ба шумор мерафт. Аз ин пеш ӯ соли 2008 ғолиб шудааст. Вале гроссмейстери байналмилалӣ Фаррух Амонатов имсол дар ин мусобиқа иштирок намекунад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG