Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф: "Дар Ховари Миёна на Саудӣ нерӯи ғолиб мешавад, на Эрон"


Намоиши эътирозӣ ҳангоми суханрони вазири умури хориҷии Эрон дар Ню-Йорк
Намоиши эътирозӣ ҳангоми суханрони вазири умури хориҷии Эрон дар Ню-Йорк

Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфт, "дар Ховари Миёна на Арабистони Саудӣ нерӯи ғолиб мешавад, на Эрон" ва кишварҳои Халиҷи Форсро ба гуфтугӯ бо якдигар даъват кард.

"Дар талоши таҳкими қудрат дар минтақа ва берун кардани дигарон аз минтақа, мо минтақаро нобуд кардем", - гуфт Зариф рӯзи 23-юми апрел дар нишасти Шӯрои равобити хориҷӣ дар Ню-Йорк.

Вазири корҳои хориҷии Эрон зарурати шадид ба дигаргуниро таъкид кард ва гуфт, Эрон ба ин омода аст. "Мо ба андозаи кофӣ бузург шудаем ва барои дарки ин воқеият ба андозаи кофӣ болиғ ҳастем", - гуфт Муҳаммад Ҷавод Зариф.

Вазири умури хориҷии Эрон ба "муколамаи нави минтақавӣ" даъват кард, ки дар он метавонанд панҷ кишвари узви Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс, ҳамроҳ бо Эрон, Ироқ ва Яман иштирок кунанд. Ба гуфтаи ӯ, чунин муколама имкони тағйирот дар Ховари Миёнаро фароҳам меорад.

Ду ҳафта қабл аз сафари Зариф ба Ню-Йорк, шоҳзодаи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад Бин Салмон ба Вашингтон ва Ню-Йорк рафт ва Эронро душмани бузурги Саудӣ номид.

Эрону Арабистони Саудӣ ба таври ғайримустақим дар низоъҳои Сурияву Яман иштирок доранд ва аз гурӯҳҳои мухолиф дар Баҳрайн, Лубнон ва Ироқ пуштибонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG