Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радован Караҷич аз рӯи ҳукми додгоҳи Гаага шикоят кард


Радован Караҷич дар додгоҳи ҷинояти ҷанг
Радован Караҷич дар додгоҳи ҷинояти ҷанг

Радован Караҷич - раҳбари замони ҷанги сербҳои Босния, рӯзи 23 апрел аз рӯи ҳукми Додгоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Гаага, ки ӯро ба 40 соли зиндон маҳкум кардааст, шикоят кард. Караҷичи 72-сола соли 2016 барои наслкушӣ, ҷинояти ҷанг ва ҷиноят бар зидди башарият, ҳангоми аз ҳам пошиндани Югославия, гунаҳкор эълон шуд. Дар байни ҷиноятҳое, ки ба Караҷич нисбат медиҳанд, қатли оми Сребреница низ зикр шудааст.

Дар низои Босния, солҳои 1992-95, беш аз 100 000 инсон кушта шуда, ҳудуди 2,2 миллион маҷбур аз маҳалли иқомати худ фирор карданд.

Ҳукми Радован Караҷичро додгустарҳои Трибунали байналмилалии ҷиноятҳои ҷанг оиди Югославияи собиқ содир карданд, ки моҳи декабр расман баста шуд.

Президенти трибунали ҷиноятҳои ҷанги СММ Теодор Мерон моҳи феврал гуфт, ки аризаи шикоятии Караҷич аз рӯи ҳукуми додгоҳ баррасӣ мешавад.

Додситонҳо талош доранд, ки ҳукми 40 соли зиндони Караҷичро ба ҳабси якумрӣ иваз кунанд. Интизор меравад, ки ҳукми ниҳоӣ аз рӯи шикояти Караҷич то охири сол эълон шавад.

XS
SM
MD
LG