Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳафтгонаи бузург" ба бархурди шадид дар баробари Русия даъват кард


Вазирони хориҷии "Ҳафтгонаи бузург" дар Канада. 22, апрел, 2018
Вазирони хориҷии "Ҳафтгонаи бузург" дар Канада. 22, апрел, 2018

Вазирони умури хориҷии "Ҳафтгонаи бузург" - ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон, гуфтанд, ки дар баробари сиёсати хашмгинонаи Русия мавқеи муштарак доранд, аммо ҳамзамон умедвориро барои муколама бо Маскав ҳифз мекунанд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 23 апрел, бо такя ба ду манбаи наздик ба таҳаввулот гузориш дод. Ба гуфтаи намояндагони G7, ки мулоқоти онҳо рӯзи якшанбе дар шаҳри Торонтои Канда баргузор шуд, амалкардҳои Русия ба сулҳу амният таҳдид мекунад.

Як мақоми баландпояи Департаменти давлатии ИМА ба хабаргузорӣ гуфт, "агар Русия мехоҳад бархурд ба он ҳамчун ба як кишвари қуратманд сурат бигирад, пас бояд бо мо кор кунад".

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайло Маас аз Маскав даъват кард, ки дар ҳалли нозои Сурия кӯмак кунад. "Мо медонем, ки низои Сурия бе иштироки Русия ҳал намешавад, аммо мо аз ин кишвар пешниҳодҳои созандаро интизорем. Ғарб дар бархурд бо Сурия аз "протоколи Женава" пайгирӣ мекунад, ки бар пояи он Башор Асад бояд аз қудрат дур шавад.

Нишасти раҳбарони "Ҳафтгонаи бузург" аввали моҳи июн дар Торонто баргузор мешавад.

Дар ин нишаст таҳрим алайҳи Русия ба таври дастаҷамъона баррасӣ намешавад, зеро Британия, Фаронса, Олмон ва Италия узви Иттиҳоди Аврпуо ҳастанд ва наметавонанд бе розигии 24 давлати дигар узв тасмим бигиранд. Аммо масъалаи таҳримҳо дар мулоқоти ду ба дуи ин давлатҳо матраҳ мешавад.

XS
SM
MD
LG