Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи артиши Тоҷикистон 16 зина боло рафтааст


Мавқеи артиши Тоҷикистон дар як раддабандии байналмилалӣ 16 зина боло рафт.

Созмони Global Fire Power, ки артиши 136 кишвари ҷаҳонро вобаста ба нерӯву тавонашон арзёбӣ мекунад, артиши Тоҷикистонро дар мақоми 96-ум қарор додааст. Соли гузашта Тоҷикистон дар мақоми 112-ум буд.

  • Global Fire Power бо назардошти якчанд омил ба артиши кишварҳо баҳо медиҳад. Аз ҷумла, шумораи низомиён, аслиҳаву муҳимот ва буҷети низомӣ.
Нерӯҳои ба истилоҳ ҳукуматӣ ва мухолифин ба ҳам як шуда, артиши миллиро ташкил доданд

Дар як соли охир теъдоди низомиён ва буҷети артиш дар Тоҷикистон чандон тағйир накардааст. Аммо охири соли 2017 Тоҷикистон аз Русия як идда силоҳу муҳимоти ҷангӣ гирифт, ки ба қавли низомиён 122 миллион доллар арзиш дошт. Аз ҷумла, тонкҳои Т-72Б1, БТР-80, БТР-70, БМП-2, ва чархболҳои чархболҳои тамғаи Ми-24 ва Ми-8.

Фаридун Маҳмадализода
Фаридун Маҳмадализода

Фаридун Маҳмадализода, роҳбари хадамоти матбуоти Вазорати дифоъ, рӯзи 21-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як бартарии касбии артиши Тоҷикистон ин аст, ки сарбозон дар шароити куҳӣ тавони ҷанг кардан ва гузарондани амалиётро доранд. Ӯ гуфт, бо вуҷуди онки Тоҷикистон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ артиши худро аз сифр бунёд кард, "дар ин муддат тавонист артиши касбиро ба вуҷуд орад".

"Аввалин марҳилае, ки артиши моро қувват дод, ин давраи пас аз созиш дар соли 1997 буд. Нерӯҳои ба истилоҳ ҳукуматӣ ва мухолифин ба ҳам як шуда, артиши миллиро ташкил доданд”, - иброз дошт Фаридун Маҳмадализода.

Бо назардошти марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, Тоҷикистон аз Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва солҳои охир аз Чин кумакҳои низомӣ дарёфт мекунад. Аммо бо ин вуҷуд артиши Тоҷикистон аз назари таслиҳоти замонавӣ дар миёни кишварҳои минтақа заифтар аст.

Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолеоти стратегӣ (IISS), қароргоҳаш дар Лондон, дар гузориши “Тавозуни низомӣ-2016” (Military Balance 2016) навишта буд, ки артиши Тоҷикистон ҳамагӣ 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 БТР, 23 тӯп, 1 ҳавопаймои ТУ-134, 4 ҳавопаймои Л-39, чанд ЯК-52, 4 чархболи МИ-24 ва 11 чархболи МИ-8 доштааст, ки аксар сохти замони Шӯравӣ буда, хеле кӯҳнаву фарсуда шудаанд.

Харидории аслиҳаву муҳимоти навини ҳарбӣ хеле гарон аст ва айни замон буҷети Тоҷикистон иқтидори харидории онро надорад.

Таҳлилгарон ҳам мегӯянд, барои кишвари начандон бузурге мисли Тоҷикистон харидории силоҳҳои замонавӣ миёншикан хоҳад буд. Аз ин рӯ, беҳтар аст, кишвар зери чатри амниятии давлатҳои бузургтар қарор бигирад ва бештар ба рушди иқтисодаш тамаркуз кунад.

Амирқул Азимов
Амирқул Азимов

Генерал Амирқул Азимов, собиқ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, мегӯяд, дар шароити кунунӣ ҳеч кишвар наметавонад ба танҳоӣ бо чолишҳои амниятӣ мубориза барад. “Ба андешаи ман, ҳеҷ як кишвари Осиёи Миёна қодир нест, ки ба танҳоӣ худро аз хатарҳои муосир муҳофизат кунад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷанубии ИДМ ба кумакҳои низомии СПАД такя мекунад. Ҳарчанд созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҳарбӣ нест, вале кишвари мо дар доираи ин созмон ҳам бо кишварҳои узви он ҳамкориҳои низомӣ дорад”, - гуфт ӯ.

Тоҷикистон ба фарқ аз ҳамсоякишварҳояш, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаи аслиҳаву муҳимоти дар қаламравашон қарордоштаро ба мерос гирифтанд, чизе нагирифт. Ягона пойгоҳи низомии 201-ум, ки дар қаламрави кишвар қарор дошт, тобеи Русия шуд.

Шумораи ҳарбиён ва ҳаҷми буҷет сирри низомӣ буда, ошкор намешавад. Қирғизистони ҳамсояи Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ ва вазъи ҷуғрофӣ ба Тоҷикистон монанд аст, бинобар гузориши созмони Global Fire Power аз Тоҷикистон дида бештар силоҳу муҳимот дорад. Ба навиштаи созмон, дар соли 2016 нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон 150 тонк, 438 зиреҳпӯш, 207 системаҳои артилерӣ, 21 ҳавопаймо ва 10 чархбол дорад.

XS
SM
MD
LG