Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти дастикам 160 тазоҳургар дар Арманистон


Арманистон. Боздошти тазоҳургарон дар Ереван. 20-уми апрели 2018
Арманистон. Боздошти тазоҳургарон дар Ереван. 20-уми апрели 2018

Бино ба хабари бахши армании Радиои Озодӣ, то зӯҳри рӯзи ҷумъа пулис 166 нафарро, ки алайҳи таъини президенти пешин Серж Саргсян ба мақоми нахуствазир даст ба эътироз задаанд, боздошт кард. Эътирозгарон Саргсянро ба ғасби қудрат дар Арманистон муттаҳам мекунанд.

Рӯзи гузашта Никол Пашинян, раҳбари эътирозгарон ва раҳбари ҷиноҳи оппозитсиюнии "Елк" дар порлумон, ба масдуд кардани "тамоми роҳҳо ва истгоҳи метро дар Ереван" даъват кард.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз хабарҳо дар бораи истифодаи бидуни тавҷеҳи нерӯ алайҳи эътирозгарони осоишта, бо шумули кӯдакон, изҳори нигаронӣ кард.

Аз рӯзи 13-уми апрел ҳазорҳо сокини Арманистон дар Ереван алайҳи таъини президенти пешин Серж Саргсян ба мақоми нахуствазир ба кӯчаҳо рехтанд. Арманистон Қонуни асосиашро соли 2015 тағйир дода, салоҳияти президентро кам ва салоҳияти нахуствазирро бештар кард.

Фаъолони мухолифин мегӯянд, Сарқонун махсус ба хотири тамдиди қудрати Саргсян тағйир дода шуд.

Рӯзи 9-уми апрел бар асоси овоздиҳӣ дар порлумон, на дар интихоботи сартосарӣ, Армен Саркисян президент интихоб шуд ва раиси ҷумҳури пешин баъди 8 рӯзи рафтан аз мақом ба курсии нахуствазирӣ нишаст.

XS
SM
MD
LG