Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роскомнадзор дар Google Maps ба Роскомпозор иваз шуд


Идораи Роскомнадзор дар Google Maps
Идораи Роскомнадзор дар Google Maps

Кобарони интернет дар Русия барои иваз кардани номи Роскомнадзор ба сервери Google Maps ҳамла бурда, номи дафтари маказии ин идора дар Маскавро ба Роскомпозор иваз карданд. Дар ин бора сомонаи Медуза хабар дод.

Дар ҷараёни ҳамлаи шаби 20 апрел корбарон ҳамчунин категорияи "Муассисаи давлатӣ"-ро ба "гей-бар" ва "бемористони касалиҳои рӯҳӣ" иваз карданд. Аммо субҳи рӯзи ҷумъа муассиса дар Google Maps ба номи аслиаш баргашт.

Ба ғайр аз ин корбарон алайҳи Роскомнадзор даҳҳо пағоми манфӣ гузоштанд ва раддаи маҳбубияти онро то 5 дараҷа поён оварданд. Дар бахши аксҳои муассиса корбарон акси одамҳои монанд ба террористҳо нашр карданд, ки дар пасманзари парчаме бо аломати Telegram ва муқоваи китоби "Терроризм чӣ аст" акс бардоштаанд. Намояндагиҳои дигари Роскомнадзор низ мавриди ҳамалаи корбарон қарор гирифтанд.

Сар аз 16 апрел масдудшавии Telegram дар қаламрави Русия бо амри додгоҳи Таганскии Маскав оғоз шуд. Ҳукм баъди он содир шуд, ки раҳбарияти Telegram бо такя ба банди Қонуни асосӣ дар бораи мукотибаи маҳрамона, аз додани калиди паёмҳои корбарон ба Хадамоти амнияти Русия сарпечӣ кард. Ҳамон рӯз Роскомнадзор Telegram-ро ба феҳрасти замимаҳои мамнӯъ дар Русия ворид намуд.

XS
SM
MD
LG