Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқдонҳои қирғиз роҳи лағви дахлнопазирии президентҳои пешинро меҷӯянд


Ҳуқуқшинос Нурбек Токтакунов
Ҳуқуқшинос Нурбек Токтакунов

Ҳуқуқшинос ва фаъоли маданӣ Нурбек Токтакунов аз Палатаи конститутсионии Қирғизистон дархост кард, ки дахлнопазирии президентҳои пешинро бекор кунад. Ба гуфтаи ӯ, банди қонун "Дар бораи кафолати фаъолияти президенти Қирғизистон", ки ба президентҳои пешин ҳаққи дахлнопазирӣ медиҳад, муғоир ба Қонуни асосӣ аст.

Токтакунов дар Фейсбук навиштааст, банди мазкур президенти пешини Қирғизистонро аз ҷавобгарӣ барои амалҳое, ки дар давраи президентияш анҷом додааст ва ё ҳоло анҷом медиҳад, озод мекунад ва ин ба гуфтаи ӯ, хеле хатарнок аст.

"Ин гуна дахлнопазирӣ нирӯи президенти пешинро дар баробари рақибони сиёсияш дучанд мекунад. Рақибонашро мешавад, пушти панҷара кард, вале ӯро не. Ҳатто президенти кунуниро бо изҳори нобоварӣ метавон ба ҷавобгарӣ кашид, вале ба президенти пешин ҳатто наметавон даст расонд. Бинобар ин, ман аз додгоҳ дархост кардам, ки ин масуниятро бекор кунад", - афзуд Токтакунов.

Бар пояи банди 12-и қонун "Дар бораи кафолати фаъолияти президенти Қирғизистон", президентҳои пешини ин кишвар аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархурдоранд. Онҳо барои амалҳояшон бозпурсӣ, боздошт, ҳабс ё ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ кашида нахоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG