Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажуҳиш: "Шаҳрнишинӣ занҳоро фарбеҳ ва ҳатто бемор мекунад". ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як таҳқиқи нави Оҷонси омори Тоҷикистон нишон додааст, ки беш аз 40 дарсади занони шаҳрнишин вазни изофӣ доранд. Табибон аз ин занҳо мехоҳанд, шеваи зиндагӣ ва ғизояшонро тағйир дода, бештар ба машқи бадан машғул шаванд.

Назари сокинон дар бораи фарбеҳӣ ва лоғарии занони тоҷик:

Занони тоҷик фарбеҳ бошанд, ё лоғар?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Ҳар вақте хостанд, ғизо мехӯранд ва чӣ қадаре хоҳанд, дар кӯча менишинанд.

Гулнози 32-сола мисли аксар занон ба зоҳири худ зиёд аҳамият медиҳад. Аммо мегӯяд, ёфтани либоси замонавӣ ва зебо бо андозаи бузург дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон чандон осон нест.

"Фарбеҳӣ маро ба беморӣ печонд"

Қади Гулноз 1 метру 55 сантиметр аст, аммо вазнаш ба 80 кило мерасад. Ӯ мегӯяд, ба камияш бист кило вазни изофӣ дорад. “Соли 2008-ум 50 кило вазн доштам. Бояд вобаста ба қад то 5 килои дигар фарбеҳ мешудам. Аммо якбора 80 кило шудам. Доим парҳез дорам. Ҳеч гоҳ шабона ғизо намехӯрам. Вале наметавонам вазни зиёдатии худро партоям. Фарбеҳӣ маро ба бемориҳои мухталиф печондааст”, - гуфт ӯ.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар пояи пажуҳиши Оҷонси омор, занони аз 15 то 49-солаи шаҳрнишин нисбат ба занҳои деҳотӣ фарбеҳтар будаанд. Агар 41 дарсади занони шаҳрнишин аз фарбеҳӣ ранҷ мекашанд, ин рақам дар деҳот 36 дарсад будааст. Бино ба хулосаи пажӯҳишгарон, 90 дарсади ин занҳо маҳз бар асари истеъмоли нодурусти ғизо ба мушкили фарбеҳӣ печидаанд.

Иллати фарбеҳии занон чист?

Пажуҳиш соли 2017 анҷом шуда, натиҷаҳои аввали онро ҳафтаи пеш нашр карданд. Мақомоти Оҷонси омори Тоҷикистон гуфтанд, чунин пажӯҳиш соли 2012 низ анҷом шуда буд.

Ин пажӯҳиш, инчунин, муайян кардааст, ки агар дар панҷ соли пеш занони ҳомила фарбеҳ мешуданд, ҳоло занони қобили меҳнат вазни изофӣ доранд. Мушкили аслии фарбеҳии занон дар Тоҷикистон, ба гуфтаи пизишкон, камҳаракатӣ ва истеъмоли зиёди ғизои чарбӣ ва шоколаду шириниҳо будааст.

Парвина Мухторова
Парвина Мухторова

Парвина Мухторова, раиси “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бибинед, аксар занҳои мо дар зиндагии худ ба машқи бадан машғул намешаванд. Як нақшаи муайян надоранд, ки бояд кай ғизо хӯранд ва кадом хӯрокро хӯранд. Ҳар вақте хостанд, хӯрок мехӯранд ва чӣ қадаре хоҳанд, дар кӯча менишинанд.”

Вазни изофӣ - дарди нави сокинони Тоҷикистон

Пизишкон мегӯянд, инсон бояд дорои вазни мӯътадил бошад ва индекси байналмилалии ташхиси фарбеҳӣ бояд ба эътибор гирифта шавад. Барои мисол, агар қомати Шумо 177 сантиметр аст, вазни идеалиаш 77 килост.

Тибқи омори расмӣ, дар маҷмуъ, 31 дарсади сокинони аз 20-сола боло дар Тоҷикистон вазни изофӣ дошта, наздики 9 дарсад аз фарбеҳӣ ранҷ мекашанд.

XS
SM
MD
LG