Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳом Алиев барои даври чаҳорум савганди президентӣ ёд кард


Илҳом Алиев дар маросими савганди президентӣ - 18 апрели соли 2018
Илҳом Алиев дар маросими савганди президентӣ - 18 апрели соли 2018

Раҳбари худкомаи Озарбойҷон Илҳом Алиев рӯзи 18 апрел барои даври чаҳоруми раёсат дар ин кишвари ғанӣ аз нафту газ савганд ёд кард. Алиев дар интихоботе пирӯз шуд, ки рақибонаш онро бойкот ва нозирони байналмилилӣ интиқод карданд.

Маросими савганди рӯзи чоршанбе, оғози як даври ҳафтсолаи раёсати Алиев дар Озарбойҷон аст. Ӯ ин мақомро аз падараш Ҳайдар Алиев, ки соли 2003 аз дунё даргузашт, ба мерос гирифт.

Комиссиюни Интихоботии Озарбойҷон ҳафтаи гузашта гуфт, ки 86,1 дар сади райдиҳандагон ба тарафдории Илҳом Алиев овоз доданд.

Нозирони байналмилалӣ гуфтанд, ки интихобот бо қонуншиканӣ ва бе сабқати воқеӣ ҷараён гирифт.

5 феврали соли равон Алиев таърихи интихоботро, ки бояд 17 октябр баргузор мешуд, ба 11 апрел кӯчонд ва бо ин норозигии рақибонашро ба бор овард. Ҳукумат гуфт, ки таърихи интихобот ба хотири дар як вақт баргузор нашудани интихоботи президентӣ ва порлумони дигар карда шуд.

Интихоби раиси ҷумҳур дар пасманзари коҳиши иқтисоди Озарбойҷон ва афзоиши намоишҳои зидд-ҳукуматӣ ҷараён гирифт.

Мухолифин, фаъолони ҳуқуқи башар ва кишварҳои ғарбӣ ҳукумати Алиевро барои пайваста саркуб кардани матбуоти озод, журналистҳо ва сиёсатмадорони оппозитсионӣ танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG