Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дастгоҳ розӣ шуд: Навиштани эссе барои аксари довталабон бекор мешавад

Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон розигӣ додааст то навиштани эссе ё иншо барои аксари довталабон дар соли равон бекор карда шавад. Тибқи розигии дастгоҳи президент имсол ба ҷуз аз довталабони риштаи филологӣ ва педагогӣ, муҳассилини дигар риштаҳо аз навиштани эссе озод мебошанд. Ин дар ҳолест, ки қарор буд имсол кулли довталабони макотиби олии Тоҷикистон барои дохилшавӣ ба донишгоҳ эссе нависанд.

Абдувосит Юлдошев, як масъули Маркази миллии тестӣ рӯзи 18 апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бинобар ҷой доштани баъзе мушкилот барои ҷорӣ кардан ва тафтиши кори хаттӣ, ахиран қарор шуд то эссеро танҳо довталабони риштаи филологию педагогӣ нависанд.

Ба қавли ҷаноби Юлдошев, гуруҳи ихтисосҳои сеюм ё риштаҳои филологию педагогӣ бештар барои навиштани эссе мувофиқтар мебошанд. Аммо ин масъули Маркази миллии тестӣ мегӯяд, феълан маълум нест, ки навиштани эссе барои довталабони дигар риштаҳо солҳои оянда ҷорӣ мешавад ё хайр.

“Мо бояд механизмро муайян кунем ва баъдан дақиқ мекунем, ки чӣ кор карда лозим аст. Натиҷаи ин имтиҳонҳоро дида мо пешниҳод мекунем, ки барои дигар кластерҳо ҷорӣ мешавад ё не,”-афзуд Абдувосит Юлдошев.

Мавзӯи навиштани эссе ё иншо бахусус атрофи мавзуъҳои интихобшудаи он қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоеро ба вуҷуд оварда буд. Дар феҳрасти тасдиқшудаи номгӯи мавзӯъҳо дар баробари мавзӯҳо аз адабиёт, инчунин 60 мавзӯи озод низ пешниҳод мешавад, ки аксарияти онҳо аз мавзуҳои марбут ватандӯстӣ ҳастанд.

Дар аввали ин феҳристи мавзӯҳои озод, мурратибон мавзӯҳои "Пешвои миллат- ҳомии миллат", "Пайравони Пешвои миллатем!"-ро пешниҳод кардаанд. Дар баробари ин дар ин феҳраст, мавзӯҳоеро ба мисли "Ман ориёиям ва бо ин фахр мекунам", "Либосҳои миллӣ -- тараннумгари фарҳанги миллат", "Танзими расму оинҳо - осоиши зиндагӣ" пешниҳод мешавад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Қирғизистон пеш аз марзбандӣ ба гузаштани 30 муҳоҷири тоҷик иҷоза додааст

Посгоҳи марзии Қарамиқ. Акс аз соли 2017

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, рӯзи 21-уми марти имсол, пеш аз баста шудани марзҳо, ба 30 шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза дода буданд, ки аз сарҳад гузаранд. Ин афрод аз муҳоҷирати корӣ аз Русия меомаданд. Қирғизистон ба далели паҳншавии коронавирус марзҳояшро баста, вазъи фавқулода ҷорӣ намудааст.

Ҷениш Ашӯрбоев, намояндаи маркази иттилоотии комендатураи Ӯш, рӯзи 3-юми апрел ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт: "Гурӯҳи муҳоҷирон дар пайи музокираҳои вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар тавассути гузаргоҳи "Қарамиқ” ба Тоҷикистон ворид шуданд".

Ба қавли ӯ, "баъди ҷорӣ шудани ҳолати фавқулода ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи берун шудан аз хоки Қирғизистон дода нашуд", - афзуд ӯ.

Айни замон маълум нест, чӣ шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби ҷорӣ шудани ҳолати изтирориву баста шудани марзҳо дар хоки Қирғизистон мондаанд.

Рӯзи 3-юми апрел шумори олудашудаҳо ба коронавирус дар Қирғизистон 130 нафарро ташкил дод ва дар ин рӯз хабари марги як нафар бар асари олудагӣ ба бемории ҳамагири КОВИД-19 тасдиқ шуд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ин дам ягон мавриди олудашавии сокинон ба коронавирус сабт нашудааст, вале чораҳои пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии ин бемориро рӯйи даст гирифтаанд. Кишвар марзҳоро баста, парвози ҳавопаймоҳоро қатъ намудааст.

Беш аз шаш ҳазор нафаре, ки аз моҳи феврал ба ин тараф аз хориҷа ба Тоҷикистон баргаштанд, ба "карантин" фаро гирифта шудаанд. Дар аввал сокинон аз шароити, ба гуфтаи онҳо, бади маҳалли карантин шикоят доштанд, вале дертар гуфтанд, дар осоишгоҳҳои нисбатан беҳтар ҷойгир карда шудаанд.

Будапешт, Варшава ва Прага ба нақзи квотаи муҳоҷирон айбдор шуданд

6 феврали соли 2020. Паноҳҷӯён дар марзи Сербияву Венгрия

Додгоҳи аврупоии адлия рӯзи 2-юми апрел гуфт, Лаҳистон (Полша), Маҷористон (Венгрия) ва Ҷумҳурии Чех қонунҳои Иттиҳоди Аврупоро поймол карда, соли 2015 монеи вуруди паноҳҷӯён ба кишварашон шуданд.

Ба иттилои додгоҳ, ин се кишвар муқаррароти тақсими баробари 160 паноҳҷӯ аз Юнон ва Итолиёро риоя накарданд.

Нақшаи тақсими муҳоҷирон дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо моҳи сентябри соли 2017 ба анҷом расид ва танҳо каме беш аз 40 ҳазор паноҳҷӯ ҷо ба ҷо шуданд.

Президенти Кумисюни Аврупо Урсула ван дер Лейен рӯзи 2-юми апрел гуфт, қарори додгоҳ муҳим аст ва афзуд: "Бо ин ки қарор ба гузашта рабт дорад, ба мо барои раҳбурдҳои оянда замина фароҳам меорад".

Варшава, Будапешт ва Прага аз оғоз бо низоми квотаи қабули паноҳҷӯён аз Сурияву Ироқ мухолифат карда ва гуфта буданд, ки муҳоҷирон хатари амниятӣ эҷод мекунанд. Додгоҳи аврупоӣ ин далелҳоро рад кард.

Додгоҳи воқеъ дар Люксембург гуфт, Лаҳистон нахост 100 паноҳандаро қабул кунад. Ҷумҳурии Чех аз 50 паноҳҷӯ ба 12 нафар сарпаноҳ дод ва Маҷористон ҳеч касро напазируфт.

Нахуствазири Ҷумҳурии Чех Андрей Бабиш рӯзи 2-юми апрел ҳукми додгоҳро рад кард. Вай гуфт, "масъалаи муҳим" ин аст, ки Ҷумҳурии Чех "ҳеч як паноҳҷӯро қабул намекунад ва ба шарофати мо буд, ки низоми квота дигар вуҷуд надорад".

Вазири адлияи Маҷористон Ҷудит Варгас ҳукми додгоҳро "табъизомез" номид ва сухангӯи ҳукумати Лаҳистон Пйотр Мюллер гуфт, ҳукми додгоҳ "аҳамияти амалӣ надорад".

Нахустин қурбонии коронавирус дар Қирғизистон. Шумори мубталоён ба 130 расид

Пизишке дар Бодканд бо либоси зиддивирусӣ

Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон хабар дод, ки як шаҳрванди ин кишвар бар асари мубталошавӣ ба вируси корона ҷон бохт.

Ин марди 61-сола аз ноҳияи Ноокат буда, дар беморхонаи вилояти Ӯш даргузаштааст.

Ба огаҳии ситод, дар давоми як рӯзи ахир дар Қирғизистон 14 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Ҳамин тариқ, аз 18-уми март то 3-юми апрел ҷамъан 130 кас дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудааст.

Дар Қирғизистон ба иллати коронавирус аз 25-уми март то 15-уми апрели имсол ҳолати фавқулода эълом шудааст.

Равуои рӯзонаи сокинон ва воситаҳои нақлиёт маҳдуд ва аз соати ҳашти шом то ҳафти субҳ соати комендантӣ эълом шудааст.

Фармондеҳи аршади НАТО барои муқобила бо коронавирус сафарбар шуд

Брюссел, қароргоҳи НАТО

Вазирони хориҷаи кишварҳои узви НАТО афсари баландпояи ин паймони низомиро вазифадор карданд, ки талошҳо дар амри муқобила бо коронавирусро вусъат бахшад.

Дар ин бора Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО рӯзи 2 апрел баъди ҷаласаи 30 вазири хориҷаи НАТО хабар дод. Бо сабаби маҳдудияти сафар дар пасманзари пандемияи коронавирус аввалин бор дар таърихи 70-солаи ин паймон нишасти вазирони хориҷӣ ба таври видеоӣ барпо шуд.

Столтенберг гуфт, вазирон аз Тод Волтерс, генерали нирӯҳои ҳавоии Амрико, ки ҳоло ба унвони фармондеҳи аршади нирӯҳои Аврупо (SACEUR) ҳам ифои вазифа мекунад, хостанд “кӯмакҳои зарурии низомиро ба хотири муқобила бо бӯҳрон ҳамоҳанг карда суръати ироаи кӯмакҳоро вусъат бахшад”.

Столтенберг ба унвони мисол гуфт, вазифаи фармондеҳ таъмини интиқоли захираҳои тиббӣ ба кишварҳои ҳампаймон бо назардошти эҳтиёҷоти онҳо мебошад.

Ба ҳавопаймоҳои интиқолдиҳандаи васоили ёрӣ дар муқобила бо коронавирус дар ҳарими ҳавоии Аврупо бартарӣ дода мешавад. Қарор аст дар миёнаҳои моҳи апрел конфронси видеоии дуюми вазирони хориҷаи НАТО баргузор шавад. То ҳол НАТО чунин ёриҳои изтирориро ба Итолиёву Испания – ду кишвари аз ҳама зиёд осебдида аз коронавирус дар Аврупо ироа кардааст.

 Ду узви дигари парлумони Булғористон ба Ковид-19  гирифтор шуданд

Даниэла Дариткова аз ҳизби ГЕРБ гирифтори корнавирус шудааст

Ду узви дигари парлумони Булғористон ба Ковид-19 гирифтор шуданд, ки ангезандаи он коронавирус мебошад. Раиси гурӯҳи парлумонии ҳизби ҳокими ГЕРБ Даниэла Дариткова ва узви дигари ҳамин ҳизб Даниэла Малешкова рӯзи 2 апрел дар санҷиши тиббии вуҷуди вирус посухи мусбат гирифтанд.

Натиҷаҳои мусбати озмоишҳои тиббӣ як рӯз баъди он маълум шуд, ки як узви парлумони Булғористон бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ гардиданд.

Тсвета Караянчева, раиси маҷлис дар як ҷаласаи изтирории рӯзи 31 март гуфт, ки Ҳасан Адемов аз Ҷумбиши ҳуқуқ ва озодиҳо ба Ковид-19 гирифтор шудааст. Ӯ дар беморхона мебошад.

Рӯзи 3 апрел парлумони Булғористон дар баробари ин қазия, ҳамчунин масоили марбут ба буҷаи давлатиро баррасӣ хоҳад кард.

Трамп кӯмакҳои тиббии Русияро “иқдоми хуб” номид

Ҳавопаймо бо кӯмакҳои тиббии Русия рӯзи 1 апрел дар фурудгоҳи Ҷон Кеннедии шаҳри Ню-Йорк фуруд омад

Президент Доналд Трамп гуфт, ИМА маводи тиббии Русияро пазируфт ва нигарон нест, ки ин иқдом ҳамчун таблиғот истифода шудааст. Трамп рӯзи 2 апрел гуфт, ки дар сӯҳбати оғози ҳафтаи ҷорӣ бо президенти Русия, ки мавзӯи мубориза бо коронавирусро ба баррасӣ кашид, Владимир Путин пешниҳоди ирсоли кӯмак кард ва ӯ инро ҳамчун “иқдоми хуб” пазируфт. Ҳавопаймои русии ҳомили васоили тиббии назири дастгоҳҳои нафаскашиву либоси ҳифозати инфиродӣ рӯзи 1 апрел дар Ню-Йорк фуруд омад.

Морган Ортагус, сухангӯи Департаменти давлатии ИМА гуфт, ки ин кӯмакҳо ба онҳо дастрас шуд. Маскав ин кӯмакро ҳамчун талоши таблиғоти номуваффақи Путин муаррифӣ кард. Трамп гуфт, “Путин маводи зиёди баландсифати тиббӣ пешниҳод кард ва ман ҳам ба хотири ин ки ин мавод метавонад барои наҷоти ҷони одамҳо ба кор биравад, онро қабул кардам”.

Трамп гуфт, саудиҳову русҳоро дар масъалаи нафт ба созиш овард

Доналд Трамп, президенти ИМА

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки ба хотири коҳиши истеҳсоли нафт ва хатми пастравии босуръати нархи нафт дар пасманзари пандемияи коронавирус, саудиҳову русҳоро ба созиш овард. Трамп гуфт, ки рӯзи 2 апрел бо президенти Русия Владимир Путин ва шоҳзодаи Саудӣ Муҳаммад Бин Салмон гуфтугӯ кард. Ҷузъиёт нашр намешавад.

Трамп дар Твиттераш навишт, “ман интизор дорам ва умедвор ҳастам, ки онҳо тақрибан 10 миллион бушка нафт ва шояд ҳаҷми аз ин бештарро коҳиш медиҳанд. Агар чунин шуд, ин барои саноати нафту газ ОЛӢ мешавад!”

Трамп гуфт, ки Русия ва Арабистони Саудӣ метавонанд истеҳсоли нафтро рӯзе аз 10 то 15 миллион бушка коҳиш диҳанд. Чунин коҳиш ширкати кишварҳои хориҷ аз ОПЕК ва муттафиқонашро ҳам тақозо мекунад. Трамп навишт, ки дар сӯҳбат бо ин ду раҳбар ба ҳеҷ гузаште дар заминаи коҳиши истеҳсоли дохилии ИМА ваъда надодааст.

Бо шурӯи бӯҳрони коронавирус ва тасмими Арабистони Саудӣ, кишвари муҳими узви ОПЕК барои коҳиши истеҳсоли нафт дар ҷаҳон, Русия ба ин мухолифат кард ва вазъи атрофи нафт ҳам бӯҳронӣ шуд. Бо бад шудани фаъолиятҳои иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон арзиши нафт хеле поин рафт. Вазири энержии Русия Александр Новак рӯзи 3 апрел гуфт, ки Русия дар фикри афзоиши истеҳсол нест ва омода аст бо ОПЕК вориди гуфтугӯ шавад. Арабистони Саудӣ ба баргузории ҷаласаи изтирории ОПЕК ва дигар ҳамкоронаш даъват кард. Трамп ҳам имрӯз бо кишварҳои истеҳсолкунандаи нафти ИМА дар Кохи Сафед мулоқот мекунад.

Додгоҳи Исфара ҷангҷӯи пешини Толибонро 16 сол зиндонӣ кард

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Додгоҳи шаҳри Исфара як ҷангҷӯи пешини ҷунбиши Толибонро ба 16 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3-юми апрел хабар дод.

Бахтиёр Юсуфовро ба ташкили фаъолияти гуруҳҳои ифротгаро ва иштирок дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишвари бегона гунаҳкор донистаанд.

Назари вакили мудофеи ӯ феълан дастрас нест.

Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Юсуфов моҳи июли соли 2012 ҳангоми муҳоҷират дар Русия ба сафи гуруҳҳои ифротгаро пайваста, ҳамроҳи ҳамсару ду кӯдакаш ба воситаи Туркияву Эрон ва Афғонистон ба Вазиристони Покистон рафтааст.

"Дар онҷо ба сафи Ҳизби исломии Туркистон (фаъолияташ аз соли 2006 дар Тоҷикистон мамнуъст) шомил шуда, омодагии ҷангӣ дидаву дар амалиёт ба зидди ҳукумати қонунии Афғонистон иштирок кардааст", - гуфта мешавад дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Ба навиштаи манбаъ, мақомоти Афғонистон Бахтиёр Юсуфовро дастгиру маҳкум кардаанд ва ӯ соли 2018 озод шудааст. Дертар маъмурони амниятӣ ӯро дар вилояти Суғд дастгир намудаанд.

Сафир гуфт, қазияи аз ошёнаи дувум партофтани муҳоҷири тоҷикро пайгирӣ мекунанд

Акбарҷон Холиқов, як муҳоҷири тоҷик.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хостори таҳқиқи ҳамаҷонибаи қазияи Акбарҷон Холиқов, муҳоҷири 22- солаи тоҷик шудааст. Дар ин бора Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабаргузории "Азия -плюс" баён доштааст. Сафир гуфтааст, онҳо аз ин қазия огоҳ буда, фарди муттаҳам боздошт шудааст ва тафтишот идома дорад.

Ба қавли Имомиддин Сатторов, онҳо ба Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Коптевои Маскав нома фиристода, дар он, талаб карданд, ки ҳодиса ҳаматарфа таҳқиқ карда шавад. "Сафорат ин қазияро зери назорат гирифтааст"-хулоса намудаст, сафири Тоҷикистон дар Русия.

Пайвандони Акбарҷон Холиқов, муҳоҷири 22-солаи тоҷик, шикоят доранд, ки муовини мудири корхонаи "Жилишник"-и ноҳияи Коптево дар Маскав, Андрей Третяков, фарзанди онҳоро аз ошёнаи дувуми хобгоҳ ба замин партофтааст. Ҳодиса рӯзи 1-уми апрел рӯй дода, муҳоҷири тоҷик дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарист.

Акбарҷон Холиқов ба ҳайси роҳрӯб дар ҳамин идора кор мекард ва дар хобгоҳи он мезист. Третяков фарзияи дигареро пеш оварда, гуфтааст, гӯё роҳрӯби тоҷик худро аз ошёнаи дувум ба замин ҳаво дод.

Волидони Акбарҷон Холиқов гуфтанд, ӯ дар беморхонаи Боткини шаҳри Маскав ба ҳуш омадааст, вале вазъаш ҳамчунон нигаронкунанда аст.

Мақомоти пулиси ноҳияи Коптево гуфтаанд, ҳодиса мавриди санҷиш қарор дорад, вале то замоне ки Акбарҷон Холиқов қазияро нақл накунад, ҳақиқати ҳол пурра рӯшан нахоҳад шуд.

Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон ба корона мубтало шуд

Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон.

Дафтари матбуоти порлумони Эрон рӯзи панҷшанбеи 2-юми апрел хабар дод, ки Алӣ Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси исломӣ ё порлумони он кишвар ба бемории КОВИД-19 гирифтор шуда, дар карантин ба сар мебарад. Манбаъ гуфтааст, ки дар пайи пайдо шудани бархе аломатҳои беморӣ, аз ӯ тести корона гирифта шуд ва натиҷаи он мусбат буд ва ҳоло дар карантин ва таҳти муолиҷа аст.

Алӣ Лориҷонӣ болотарин мақоми Эрон аст, ки хабари гирифтории ӯ ба корона ба таври расмӣ эълом мешавад. Пеш аз ин Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси ҷумҳур, Алӣ Акбар Вилоятӣ, мушовири умури байналмилалии раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, аз саршиностарин афроде буданд, ки хабари гирифтории онҳо ба коронавирус эълом шуда буд.

Гирифторӣ ба коронавирус дар миёни шахсиятҳои сиёсӣ ва сиёсатмадорони Ҷумҳурии исломӣ нисбатан зиёд буда ва шуморе аз аъзои кобина ва ду мақоми дафтари раҳбари Эрон низ ба ин беморӣ мубтало шудаанд. Дар ҳафтаҳои гузашта гузоришҳои расмӣ дар бораи ҷон бохтани чанд мақом ва чеҳраи сиёсии Эрон ба сабаби ҳамин беморӣ нашр шуда буд.

Аз ҷумлаи ин афрод метавон ба фавти Муҳаммад Мирмуҳаммадӣ, узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, Ҳусейн Шайхулислом, муовини пешини вазири хориҷӣ, Ҳодӣ Хусравшоҳӣ, сафири пешини Эрон дар Ватикан, ишора кард. Фотима Раҳбар, узви порлумон ва Муҳаммадалӣ Рамазонӣ, намояндаи дигари порлумон низ бар асари ин беморӣ ҷон бохтанд.

Бар асоси омори расмии вазорати тандурустии Эрон, то кунун беш аз 50 ҳазор нафар дар Эрон ба коронавирус гирифтор шудаанд. Шумораи қурбониёни вирус дар Эрон аз се ҳазор бештар мебошад.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси омори ҷамъовардаи Радиои Фардо -- бахши эронии Радиои Озодӣ аз изҳороти парокандаи мақомҳои расмии маҳаллӣ ва манобеъ дар вазорати тандурустии он кишвар, то кунун беш аз 70 ҳазор нафар бинобар доштани аломатҳои корона дар 31 вилояти Эрон бистарӣ шуда ё таҳти назар қарор доранд. Ин омор ҳамчунин нишон медиҳад, ки то се рӯзи пеш ҳади ақал 4762 нафар дар 31 вилоят ҷони худро аз даст додаанд.

Дар Туркманистон дарёфти асъори хориҷӣ аз бонкҳо номумкин шуд

Яке аз нуқтаҳои мубодилаи пул. Шаҳри Ишқобод, Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар Туркманистон сар аз 1-уми апрел гирифтани асъори хориҷиро дар бонкҳо манъ карданд.

Намояндаи чанд бонк ба шарти ифшо нашудани номашон ба расонаҳо гуфтанд, Бонки марказии Туркманистон фармони шифоҳӣ додааст, ки соҳибони суратҳисобҳои бонкӣ метавонанд, танҳо асъори миллӣ дарёфт кунанд.

Ин муқаррарот ба кормандони ширкатҳои хориҷӣ ҳам дахл дорад.

Бонки марказии Туркманистон соли 2015 қурби расмии манатро дар баробари доллар муайян кард. Аз он замон то кунун расман 1 доллар 3,5 манат арзиш дорад. Аммо дар бозори сиёҳ табодули арз панҷ баробари қурби расмӣ аст. Аз моҳи январи соли 2016 табодули асъори нақд дар он кишвар манъ шудааст.

Моҳи гузашта мақомоти он кишвар назорати гардиши асъори хориҷиро дар пайи уфти қимати маводи сӯхт сахттар карданд.

Дар Узбекистон равуо байни минтақаҳоро манъ карданд

Шаҳри Тошканд, Узбекистон.

Дар Узбекистон равуои шаҳрвандон ба минтақаҳо, ҳатто ба ҷанозаи наздикон ва беморбинии пайвандон, манъ шуд. Дар ин бора Шоҳрух Ғиёсов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Узбекистон хабар дод. Ба гуфтаи вай, маҳдудиятҳои карантин бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷорӣ шудааст.

"Ин талабот барои ҳама яксон аст. Ҳатто дар сурати марги наздикон ҳам шаҳрвандон наметавонанд аз як минтақа ба минтақаи дигар раванд", - гуфт Шоҳрух Ғиёсов. Вай илова кард, ки афроди бистарии беморхонаҳо баъди табобат гирифтан метавонанд ба маҳалли зисти доимии худ раванд.

"Аммо касоне ки беморони рухсатшударо то маҳали зисташон ҳамроҳӣ мекунанд, то поёни давраи карантин ҳаққи баргаштанро надоранд. Барои мисол, агар касе аз Тошканд бемореро ба минтақае бурд, иҷозаи ба Тошканд баргаштанро надорад", - шарҳ дод Ғиёсов.

Карантин дар Узбекистон дар робита ба паҳншавии вируси корона аз 16 март шуруъ шуд. Сар аз 27 март сокинони Узбекистон аз ҳаққи кӯча баромадан бе зарурат маҳрум шуданд. Шаҳрвандон метавонанд, танҳо барои харидани ғизо ё дору ба берун бароянд.

То 2 апрел дар Узбекистон 205 мавриди гирифторӣ ба вируси корона ва ду ҳолати фавт сабт шудааст.

Чин ба Қирғизистон 21 ҳазор тести санҷиши коронавирус дод

Вазири тандурустии Қирғизистон Собирҷон Абдикаримов бо сафири Чин Ду Девен.

Ҳукумати Чин ба Қирғизистон 21 ҳазор тести санҷиши фаврии коронавирус ё худ COVID-19 дод. Дар ин бора ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус дар Қирғизистон иттилоъ дод.

Ба огаҳии ситод, ин тестҳо дар муддати 20 дақиқа муайян хоҳанд кард, ки шахс ба коронавирус мубтало шудааст, ё не. Дар Қирғизистон то 2-юми апрел 116 кас ба коронавирус мубтало шудааст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба дабири кулли СММ Антониу Гутерриш паём фиристодааст.

Ҷеенбеков дар паёмаш аз даъвати Гутерриш барои роҳандозии нақшаи ҷаҳонии кӯмаки башардӯстона ба маблағи 2 млрд доллар барои сармоягузории мубориза бо коронавирус ҷонибдорӣ кардааст.

Президенти Қирғизистон ҳамчунин дар бораи мушкилиҳое гуфтааст, ки кишвараш дар мубориза бо коронавирус рӯбарӯ мешавад.

Дар Алмато як маҳалларо бо 20 ҳазор одам карантин карданд

Шаҳри Алмато.

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон маҳаллаи "Асил Ормон"-ро баъди ошкор шудани ҳолати дувуми мубталошавӣ ба коронавирус дар он пурра карантин карданд. "Асил Ормон" аз 21 бинои зисти баландошёна иборат буда, тақрибан 20 ҳазор сокин дорад.

"Ниҳодҳои дахлдор бо мақсади таъмини амният ва пешгирӣ аз паҳни вирус "Асил Ормон"-ро бастанд. Сокинони он бо ғизо, маводи тиббӣ ва маҳсулоти ниёзи аввал таъмин карда мешаванд",-омадааст дар иттилоияи мақомоти Алмато.

Мақомоти маҳаллӣ ваъда доданд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятии маҳалла корҳои зидди уфунӣ анҷом шуда, нуқтаи махсуси тиббӣ низ барои сокинони он ташкил карда мешавад.

Дар Қазоқистон то ҳол дар чандин бинои шаҳри Алмато, Нурсултон, Қарағанда ва ҷойҳои дигар каратин эълом шуда буд, вале ин бори аввал аст, ки як маҳаллаи серодамро пурра ба карантин мегиранд.

Дар Қазоқистон дар умум то ба имрӯз 435 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Владимир Путин "рӯзҳои ғайрикорӣ"-ро то 30 апрел дароз кард. ВИДЕО

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар паёми худ ба мардуми кишвараш муҳлати низоми рӯзҳои ғайрикориро то 30-юми апрел дароз кард.

Вай гуфт, маоши кормандон бо вуҷуди нарафтан ба кор бояд пардохт карда шавад.

Путин ҳамчунин салоҳиятҳои раҳбарони минтақаҳои Русияро бештар кард, то дар сурати зарурӣ чораҳои пешгирикунандаро биандешанд.

Раиси ҷумҳури Русия ҳолати фавқулода эълом накард. "Медуза" ва "Откритые медиа" пештар бо истинод ба манбаъҳои худ дар маъмурияти президенти Русия навиштанд, ки Путин чораҳои карантинии марбут ба коронавирусро "ғайримаъруф" ва хатар ба рейтинги худ медонад. Бинобар ин, дар Русия вазъи фавқулода эълом намешавад.

Путин намехоҳад, мардумро "тарсонад". Маҳз барои ин, аз ибораҳои "гӯшанишинии дастаҷамъӣ" ва "ҳафтаи ғайрикорӣ" истифода мешавад.

Дар Русия 2-юми апрел 771 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуда, шумори умумии беморон ба 3548 расид. Бештари ҳолатҳо - 2475 дар шаҳри Маскав ошкор шудааст.

Путин дастур дод, ки карантини Русия то охири моҳ тамдид ёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00

Теъдоди гирифторон ба коронавирус аз 1 миллион нафар гузашт

Киев, Украина. 1-уми апрели 2020

Бар асоси омори навтарини Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс (Амрико), шумори гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон рӯзи дувуми апрел аз 1 миллион нафар бештар шуд.

Зиёда аз 51 ҳазор кас бар асари олудагӣ ба бемории ҳамагир ҷони худро аз даст додаанд. Бовар меравад, теъдоди воқеии фавтидагон ва мубталоён аз омори эълоншуда бештар аст.

Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс мегӯяд, шумори зиёди гирифторон ба коронавирус дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сабт шуда, ба беш аз 236 ҳазор нафар баробар аст.

Итолиё аз ҳама зиёдтар қурбонӣ додааст. То ин дам дар ин кишвари аврупоӣ беш аз 13 ҳазор нафар бар асари олудагӣ ба вируси нав ҷон бохтаанд.

Бемории КОВИД-19 бори аввал охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ онро рӯзи 11-уми март пандемия эътироф кард.

Путин дастур дод, ки карантини Русия то охири моҳ тамдид ёбад

Путин дастур дод, ки карантини Русия то охири моҳ тамдид ёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00

Ҳушдори нави Доналд Трамп ба Эрон ва ҳампаймононаш

Доналд Трамп

Доналд Трамп, президенти Амрико, ба Эрон ҳушдор дод ва гуфт, агар Эрон ё ҳампаймононаш ба нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва дороиҳояш дар Ироқ ҳамла кунанд, бо баҳои гарон пардохт хоҳад кард.

Трамп рӯзи 1-уми апрел дар Твиттер навишт, "аз рӯи маълумот ва бовар, Эрону гуруҳҳои наздик ба он дар ҳоли тарҳрезии ҳамлаи ғофилгиронае ба нерӯҳои ИМА ва дороиҳояш дар Ироқ ҳастанд."

Вай афзудааст: "Агар чунин шавад, дар ҳақиқат Эрон бо баҳои гарон пардохт хоҳад кард!"

Аммо ҳамоно рӯшан набуд, ки оё Трамп гуфтанӣ аст, Иёлоти Муттаҳида воқеан дар бораи ин нақша маълумоти кофӣ дорад, ё не. Иёлоти Муттаҳида дар давоми соли гузашта шибҳанизомиёни таҳти ҳимояти Эронро дар ҳамла ба пойгоҳҳои низомии Ироқ айбдор кард, ки мизбони нерӯҳои эътилофӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ, бахусус намояндагии Иёлоти Муттаҳида мебошад.

Чанд соат пеш аз навиштаҳои Трамп, ёрдамчии калони раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ Иёлоти Муттаҳидаро аз оқибатҳои "амалҳои иғвогаронааш" дар Ироқ ҳушдор дода буд.

11-уми март аз ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи Ироқ ду сарбози ИМА ва як сарбози бритониёӣ кушта шуданд, ки шиддатро дар минтақа афзуд. Касе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифт. Ин ҳамла пас аз ҳуҷуми ҳавоии ИМА ба гурӯҳи тарафдори Эрон “Катойиби Ҳизбуллоҳ" буд.

Президенти Филиппин: дар сурати муқобила нишон додан, гирифторони вирус "кушта шаванд"

Родриго Дутерте, раиси ҷумҳури Филиппин.

Родриго Дутерте, президенти Филиппин гуфт, ки ба пулис ва артиш дастур додааст, дар сурати муқобила нишон додан ва таҳдид ба ҳаёти кормандони мақомот, гирифторони вируси корона "кушта шаванд".

"Фармони ман ба пулис ва артиш: агар чунин мушкиле мавҷуд аст ва агар чунин ҳолат пеш ояд, ки онҳо муқобила нишон диҳанд ва ба ҳаёти шумо хатар эҷод кунанд - кушед. Фаҳмост? Кушед", - гуфт Дутерте дар як муроҷиати телевизионӣ.

Вай шарҳ дод, чунин дастур ба касоне ҳам дахл дорад, ки ба карантин фиристода шуданд, аммо онро риоя накарданд.

Роҳбари пулиси миллӣ гуфт, президент дар суханрониаш "ҷиддӣ будани интизоми ҷамъиятиро ба намоиш гузошт" ва дар воқеъ пулис ба сӯи касе тир нахоҳад кушод.

Ба иттилои расмӣ, то ин замон дар Филиппин 96 сокин аз вируси корона фавтида ва бештар аз 2300 кас ба он гирифтор шудааст. Аммо ин омор метавонад, ба далели камбуди дастгоҳҳои ташхис, нокомил бошад.

"Вазъ бадтар мешавад. Аз ҳамин хотир ман бори дигар аз ҷиддӣ будани мушкил ёдовар мешавам ва шумо бояд ба ҳарфи ман гӯш диҳед", - гуфт Дутерте дар муроҷиати телевизиониаш.

Дутерте пештар аз ин ҳам ба содир кардани хушунат даъват карда буд. Барои мисол, вай дар як мусоҳиба дар соли 2015 гуфта буд: "Агар зарурати куштан (-и одам) пеш ояд - ман мекушам".

Узбекистониҳои аз 65-сола болоро аз ҳаққи кӯча баромадан маҳрум карданд

Кӯчаҳои холии Тошканд.

Дар Узбекистон сар аз 1-уми апрел афроди аз 65-сола боло иҷозаи аз хона баромаданро надоранд. Ба наздиктарин мағоза ва ё дорухона рафтан истисност.

Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза зидди вируси корона чунин қарор қабул кард.

"Сар аз 1 апрел шаҳрвандони аз 65-сола боло хонаҳояшонро набояд тарк кунанд. Ба мағоза ва ё дорухонаи наздики манзил рафтан истисност", - хабар додааст комиссия.

Ба иттилои вазорати тандурустии Узбекистон, 190 шаҳрванди ин кишвар мубтало ба коронавирус шудаанд. Аз ин шумор 12 кас шифо ёфт, ду тан вафот кардааст.

Шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон аз 400 нафар гузашт

Яке аз бемористонҳои Қазоқистон.

Вазорати тандурустии Қазоқистон аз сабти 16 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар ин кишвар хабар дод. Дар маҷмӯъ, то 2-юми рӯзи апрел дар Қазоқистон 402 ҳолати гирифторӣ сабт шудааст.

Дар пайи гирифторӣ аз вируси нав дар Қазоқистон се кас фавтида ва дар маҷмӯъ 26 каси дигар шифо ёфтааст.

Ҳамзамон, нахустин кӯмаки башарии Чин ба фурудгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон расид. Чин васоили тиббӣ ва таҷҳизот ирсол кардааст. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик қисмати дувуми кумаки Чин ба Қазоқистон расад.

Таби баланди писари табиб дар таваллудхонаи Андиҷон ҳангома барпо кард

Беморхонаи вилоятии Андиҷон. Акс аз бойгонӣ.

Сардори шуъбаи эҳёгарии беморхонаи вилояти Андиҷони Узбекистон 27 март писари 29-солаи худро бо таби баланд барои табобат ба таваллудхона бурдааст. Дар ин бора яке аз табибони беморхона иттилоъ дод.

"Ҳамкори мо дониста ҷони табибон, ҳамшираҳо, модарон ва тифлони навзодро дар таваллудхона зери хатар гузошт. Ӯ 27 март писарашро бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус ба беморхона оварда, 15 соат дар утоқи корияш нигаҳ дошт. Ҳамшираҳоро маҷбур кард, ки барои поин бурдани таби писараш сӯзандору кунанд. Ҳарчанд мо медонистем, ки ҳамсари ӯ аз 25 март бо гумони мубталошавӣ ба вирус дар карантин аст", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Як ҳамшира аз беморхонаи Андиҷон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, баъди он ки сардори бахш писарашро бо таби баланд овард, дар миёни кормандони бемористон ҳангома бархост.

"Ҳамкорон ба маркази санитарӣ-эпидемиологӣ занг заданд. Кормандони марказ ба беморхона омада, чандин бор ба сардори бахш занг заданд, вале ӯ телефонро набардошт. Хостанд, ба утоқи корияш дароянд. Вале дари он баста буд. Кормандони марказ ҳамаи табибону ҳамшираҳоро ба карантин гирифта, як рӯз баъд пас аз ташхис ҷавоб доданд. Ҳоло талош доранд, ки ин ҳодисаро пинҳон кунанд",-афзуд ӯ.

Сардухтури беморхонаи вилояти Андиҷон Гулмира Қаюмова рух додани ҳодисаи мазкурро дар бахши эҳёгарӣ тасдиқ кард. ​"Бале, сардори бахш бо овардани писараш дар он ҳолат ба бемористони мо кори нодуруст кардааст. Ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад", - изҳор дошт ӯ.

Иктишофии ИМА: Чин роҷеъ ба коронавирус воқеиятро нагуфт

Як марди чинӣ дар Вуҳани Чин, 30 март, 2020.

Хадамоти иктишофии ИМА дар як гузориши махфии худ ба Кохи Cафед гуфтааст, маълумоти расмии мақомоти Чин дар бораи шумори мубталоён ва қурбониёни коронавирус дур аз ҳақиқат аст. Дар ин бора Bloomberg иттилоъ додааст.

Манбаъҳои Bloomberg иттилои бештареро дар бораи гузориш пешниҳод накардаанд. Мақомоти Чин гуфтанд, ҷамъан 82 ҳазор сокини ин кишвар ба коронавирус, ки охирҳои моҳи декабри соли гузашта дар Вуҳан ошкор гашт, мубтало шуда, 3 ҳазору 300 кас ҷон бохтаанд.

Дар ИМА беш аз 200 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шуда, зиёда аз 4 ҳазор одам ҷон бохтаанд. "Гап сари он аст, ки агар Чин воқеиятро мегуфт, ҳоло вазъ беҳтар буд", - изҳор дошт муовини президенти ИМА Майк Пенс рӯзи чоршанбе дар суҳбат бо CNN. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимолан, ҷаҳон як моҳ баъд огаҳ шуд, ки ин вирус дар Чин ошкор шудааст.

Муовини президенти ИМА изҳор дошт, ки гузориши хадамоти иктишофиро то ҳол дарёфт накардааст, вале ба гуфтаи ӯ, омори пешниҳодии Пекин дар бораи қурбониёни коронавирус "шубҳанок" менамояд.

Рӯзҳои ахир хабарҳое паҳн мешаванд, ки аз бештар будани шумораи қурбониён назар ба омори пешниҳодии Пекин дарак медиҳанд. Бино ба баъзе аз хабарҳо, шумори қурбониён дар Чин беш аз 4 ҳазор нафар аст.

Додгоҳи Покистон ҳукми марг барои куштори Даниэл Перлро бекор кард

Вакили дифои Саидшайх - Хваҷа Навид рӯзи 2 апрел ба журналистон ҳукми додгоҳро хабар дод

Рӯзи 1 апрел як додгоҳи покистонӣ ҳукми қаблии марг ва иттиҳоми кушторро барои як ҷангҷӯи зодаи Бритониё дар қазияи қатли журналисти амрикоӣ Дениэл Перл бекор кард. Вакили дифоъ Хваҷа Навид гуфт, ки бар асоси қарори бозбинишуда дар Додгоҳи Олии вилояти Синдҳ, Аҳмад Умар Саидшайх барои одамрабоӣ гунаҳгор ва ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст. Азбаски Саидшайх аз соли 2002 дар зиндон буд, интизор меравад, ки озод шавад, вале ҳанӯз ҳукми додгоҳ дар ин замина содир нашудааст.

Даниэл Перл 38 сол дошт, ки ваҳшиёна кушта шуд. Масъулияти кушторро ба ифротгароҳои исломӣ вогузор карданд
Даниэл Перл 38 сол дошт, ки ваҳшиёна кушта шуд. Масъулияти кушторро ба ифротгароҳои исломӣ вогузор карданд


Перли 38-сола раиси дафтари намояндагии Осиёи Ҷанубии нашрияи The Wall Street Journal буд. Ӯ соли 2002 аз ҷониби ҷангҷӯёни ифротӣ рабуда ва сараш аз тан ҷудо карда шуд. Саидшайх худи ҳамон соли 2002 боздошт ва аз ҷониби додгоҳи зиддитеррористӣ ба ҳукми марг маҳкум шуд. Се нафари дигар аз рӯи ин қазия ҳукми зиндони абад гирифтанд. Ба гуфтаи Навид, ин се нафар ҳам бар асоси қарори нави додгоҳ аз иттиҳом озод шуданд.

Сенатори амрикоӣ Ҳизби коммунистии Чинро дар “дурӯғгӯӣ” муттаҳам кард

Бен Сасс намояндаи ҷумҳурихоҳҳо аз Небраска ва узви Кумитаи иттилооти Сенат аст

Як сенатори амрикоӣ Ҳизби коммунисти Чинро дар дурӯғгӯиву пахши “таблиғоти ифлос” дар бораи хуруҷи коронавирус муттаҳам кард. Сенатор Бен Сасс дар изҳороте рӯзи 1 апрел гуфт, “иддаои ин ки дар ИМА шумори марги инсонҳо дар паи коронавирус бештар аз Чин аст, як дурӯғ аст”. Ин намояндаи ҷумҳурихоҳҳо аз Небраска ва узви Кумитаи иттилооти Сенат изҳороти худро баъди он нашр кард, ки оҷонсии Блумберг гуфт, ҳафтаи гузашта Кумитаи иттилооти Сенат ба Кохи Сафед гузорише ироа кард. Сасс гуфт, ки иттилооти махфиро шарҳ намедиҳад, вале “воқеияти дарднок ин аст, ки Ҳизби коммунисти Чин ба хотири ҳимояти режим дурӯғ мегуфт, мегӯяд ва хоҳад гуфт”. Сасс гуфт, ки “таблиғоти ифлоси” Чин набояд аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт, журналистони мустақил ваё “эпидемиологҳои амрикоӣ, ки дар паи мубориза бо ин вирус ҳастанд, ҷиддӣ қабул шавад”.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG