Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гурӯҳи риск" ё боэътимод дар миёни муштариёни афзояндаи бонкҳои Тоҷикистон. ВИДЕО


Фарангис, ки донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон аст, аллакай се маротиба аз ташкилотҳои қарздиҳӣ "кредит" гирифта ва ҳоло як тиҷорати хурди маҳсулоти ороиширо ҳам мечархонад. Вай мегӯяд, бори аввал барои пардохти шартномаи донишгоҳ 9 ҳазор сомонӣ қарз гирифт ва вақте малбағро қабл аз мӯҳлат пардохт кард, бонк бори дуввум ба ӯ маблағи зиёдтарро қарз дод.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, бо вуҷуди зиёд будани фоизи қарзҳо дар Тоҷикистон, сокинон маҷбуранд барои пешбурди нақшаҳояшон дар зиндагӣ боз ҳам ба бонкҳо муроҷиат кунанд.

Ин қарзҳоро Фарангис дар доираи иқдомҳои вижаи ташкилотҳои қарзӣ ба даст овардааст, ки солҳои ахир зиёд шуданд. Ӯ маблағро на бо гузоштани гарав ва зомин, балки бо пешниҳоди нусхаи шиноснома ва маълумотнома аз донишгоҳ гирифт.

Фарангис мегӯяд, дар баробари ин ҳуҷҷатҳо, кормандони бонкҳо маротибаи аввал омада таҷҳизоти техникие, ки дар хона ҳаст, диданд. Ба гуфтаи ӯ, вақте қарзро дар вақташ ё пеш аз мӯҳлат пардохт кард, маротибаи дуюм аллакай ба ӯ 15 ҳазор сомонӣ қарз доданд ва ҳеҷ гарав ё зоминеро талаб накарданд.

Фарангис, як донишҷӯи тоҷик.
Фарангис, як донишҷӯи тоҷик.

Фарангис яке аз садҳо ҷавонест, ки бо вуҷуди донишҷӯ буданаш, тавонист эътимоди бонкҳоро ба даст орад --дар ҳоле, ки дар чанд соли пеш бонку ташкилоти амонатӣ дар Тоҷикистон донишҷӯёнро "бекорони оянда" медонистанд ва ба онҳо қарз намедоданд.

“Барои мисол, ман 10 ҳазор сомониро ба мӯҳлати 18 моҳ кредит гирифтам ва бояд ҳар моҳ 600 сомонӣ пардохт мекардам. Вақте ман ин қарзро дар 12 моҳ ва ҳар моҳ 970 сомонӣ пардохт кардам, барои худам ҳам мушкили зиёде нашуд, чун ҳар қарзро барвақттар супорӣ, фоиз ҳам камтар мешавад",-мегӯяд Фарангис.

Дар Тоҷикистон аз ҳама бештар "қишри риск" қарз мегиранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

Ҷавонони то 25-сола -- муштариёни аслии бонкҳо дар Тоҷикистон

Як гузориши Ширкати байналмилалии молиявӣ, ниҳоди марбут ба Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, танҳо дар панҷ соли охир шумори қарзгирандаҳои то 25-сола дар Тоҷикистон аз 3 то 20 дарсад афзоиш ёфтааст. Омилҳои болоравӣ ва таваҷҷӯҳи ин қишри ҷомеа ба гирифтани қарзи бонкӣ, ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, ба тағйир ёфтани сиёсати қарздиҳӣ дар кишвар ва сатҳи дониши сокинон марбут аст.

Фабрисио Фрабони, як таҳлилгари Ширкати байналмилалии молиявӣ ҳангоми баррасии вазъи низоми қарздиҳӣ дар Тоҷикистон гуфт, ҳоло бо таъсиси таърихи кредит дар ташкилоти амонатӣ ва бонкҳо, кори ин низом осонтар шудааст. Ба иттиллои ин ниҳоди молиявӣ, ҳамчунин теъдоди қарзгирандаҳои аз 40 то 55 сола аз 40 дарсади 5 соли пеш ба 27 дарсад коҳиш ёфтааст. Ҳамин тавр 42 дарсади муштариҳои бонку ташкилотҳои амонатӣ аз 26 то 40-сола ва 10 дарсади дигар шахсони аз 56-сола боло будаанд.

Фабрисио Фрабони, як таҳлилгари Ширкати байналмилалии молиявӣ.
Фабрисио Фрабони, як таҳлилгари Ширкати байналмилалии молиявӣ.

Ҳоло дар Тоҷикистон нисбат ба бонкҳо, аксаран ташкилоти хурди амонатӣ ба додани кредит ба муштариён машғуланд. Аммо маъмулан ҷавонони то 25-сола аз қарзҳои иҷтимоиву маишӣ ва пардохти таҳсилу соҳибкории хурд бархӯрдоранд. Ҳаҷми ин гуна кредитҳо аз як ҳазор то 40 ҳазор сомонӣ буда, аз ду то чор сол мӯҳлат доранд.

Худи бонкдорҳо мегӯянд, дар ин авохир теъдоди муштариёни ҷавонашон барои пардохти шартномаи таҳсил ва таъсиси тиҷорати хурд ба онҳо муроҷиат мекунанд. Афзоиши таваҷҷӯҳи қарзгирандаҳои то 25-сола дар ҳолест, ки ин қишри ҷомеаро аз руи низоми бонкдорӣ “қишри риск” медонанд.

"Мардум маҷбуранд ба бонкҳо муроҷиат кунанд"

Аммо тағйирот дар низоми қарздиҳиро бархе иқтисоддонҳо ба паёмадҳои бӯҳрони молӣ, ки чанде аз бонкҳои низомсози кишварро муфлис ва дучори мушкил кард, рабт медиҳанд. Иқтисоддон Меҳрубон Бурҳонов, ки таҷрибаи кор дар низоми бонкҳои кишварро дорад, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар аз як ҷониб иқдомҳои ташкилоти амонатӣ барои ҷавонон зиёд шуда бошад, аз сӯи дигар додани қарзҳои калон метавонад хавфи бонкҳоро бештар кунад.

Иқтисоддон Меҳрубон Бурҳонов.
Иқтисоддон Меҳрубон Бурҳонов.

Меҳрубон Бурҳонов гуфт: "Имрӯз махсусан ташкилоти амонатии қарзӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ ҳавасманданд, ки барои тиҷорати хурд қарз диҳанд. Бештар мехоҳанд ба қарзҳои истеъмолӣ мизоҷони худро ҷалб кунанд. Сабабаш пеш аз ҳам дар он аст, ки хавфҳои ин қарзҳо камтар аст. Дар инҷо ҳам манфиати бонкҳо аст ва ҳам манфиати худи қарзгиранда."

Иқтисоддонҳо мегӯянд, бо вуҷуди зиёд будани фоизи қарзҳо дар Тоҷикистон, сокинон маҷбуранд барои пешбурди нақшаҳояшон дар зиндагӣ боз ҳам ба бонкҳо муроҷиат кунанд. Дар умум фоизи қарзҳо дар ташкилотҳои қарздиҳии Тоҷикистон баланд аст - аз 14 то 40 дарсади солонаро ташкил мекунад, ки ба гуфтаи бозоршиносон, аз ҳама баланд дар минтақа аст.

Меҳрубон Бурҳонов бо такя ба таҳлилҳо гуфт, ҳоло ҳар севумин сокини кишвар ё аз бонк ё аз ҳамсояву мағоза қарздоранд. Дар маҷмӯъ дар кишвар 95 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 33 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 11 ташкилоти қарзии хурд ва 34 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG