Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизиони "СМ-1" 20-сола шуд


"СМ-1" - Симои мустақили якум дар шимоли Тоҷикисон нахустин телевизиони хусусӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки имрӯз аз таъсис ва пахши намоишҳояш 20 сол пур мешавад. 6 сол қабл радиои мансуби ин ширкат “Пайванд” низ рӯи мавҷи ФМ омада буд.

Қабл аз таъсиси СМ-1, дар оғози солҳои 90-уми телевизиони хусусии дигаре бо номи “Темурмалик" рӯи майдон омада, вале баъд аз муддате аз байн рафт. Аз ин ҷо метавон СМ-1-ро байни 7 телевизиони хусусӣ дар маркази вилояти Суғд “аз ҳама дарозумр” номид, ки шебу фарозҳои роҳи як расонаи мустақил дар Тоҷикистонро паси сар гузошта, на танҳо аз байн нарафт, балки радиои худро низ фаъол намуд.

Телевизиони СМ-1 барои сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи маркази вилояти Суғд 18 соат дар шабонарӯз намоишҳо пахш мекунад. “Хабар”, Ток – шоуи “Печутоби замон” (пешина “Офтоби Меҳрубонӣ” ва барномаи “Ормон” аз намоишҳоест, ки миёни сокинон барои ин расона миёни 7 телевизиони дигари маҳаллӣ чеҳраи хосе сохтааст.

«Офтоби меҳрубонӣ» аз нахустин ток-шоу дар вилояти Суғд аст, ки аз соли 2005 тариқи мавҷи телевизиони СМ-1 манзури бинандагон мегардад. Муҳаббат Муродова, гардонандаи ин намоиш мегӯяд, то моҳи августи соли 2017 беш аз 400 барнома, дар мавзӯъҳои муҳими иҷтимоӣ бо ширкати табақаҳои мухталифи ҷомеа пахш гардид. Ва соли 2017 номи худро ба «Печутоби замон» иваз кард.

“Ормон” дигар аз намоишҳои дигари сербинандаи СМ -1 аст. Ин барнома кӯдакони бемори табобаташон мушкил ва гаронарзишро аз хонаводаҳои камбизоат дарёфт ва аз зиндагии онҳо қисса мекунад. Ба қавли Парвина Азизова, таҳиягари ин намоиш, то кунун тавассути бунёди хайриявии “Ормон” 20 кӯдаки бемори сахт аз оилаҳои нодор ҷарроҳӣ шуданд ва сиҳат ёфтанд. Ҳамчунин, бо маблағҳои ҷамъоварда тавассути барномаи “Ормон” ба беш аз 200 оилаи камбизоат ёриҳои молӣ расонидаанд.

Телевизиони “СМ-1” дар Хуҷанд 20-умин солгарди таъсиси худро дар ҳоле истиқбол мегирад, ки мушкилоти молӣ ва рақобати шадид гиребонгири расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон аст ва дар ин гуна шароит рӯи амвоҷ будан кори саҳлу осон нест.

XS
SM
MD
LG