Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон дар Ереван роҳҳоро масдуд карданд. АКС


Фаъолони мухолифин дар Арманистон рӯзи 16 апрел ба нишони эътироз аз нақшаҳои ба мақоми нахуствазирӣ интихоб шудани Серж Саркисян чандин роҳро дар шаҳри Ереван масдуд карданд. Фаъолон ҳамчунин роҳ ба як пул ва даромадгоҳи истроҳи метро дар маркази шаҳрро ба муддати 10 дақиқа бастанд. Вакили парлумон аз ҳизби мухолифин Никол Пашинян, ки раҳбарии ин эътирозро ба ӯҳда дорад, қаблан даъват кард, ки рӯзи 16 апрел дар роҳ ба сӯи парлумон роҳу истгоҳи метро ва чанд пулро масдуд хоҳанд кард.

Полис гуфт, ки раҳпаймоӣ ғайриқонунӣ аст, чун ҳаракати озоди сокинонро маҳдуд кардааст. Вале бо ин вуҷуд полис ба ҷараёни эътирозҳо мудохила накард.

Шурӯъ аз рӯзи 13 апрел ҳазорҳо сокини Арманистон дар Ереван бо интиқод аз тағйири конститутсия дар декабри соли 2015 даст ба эътироз задаанд. Ин тағйирот қудрати президентро заъиф ва салоҳияти нахуствазирро тақвият медиҳад.

Фаъолони мухолифин мегӯянд, ин тағйирот ба сарқонун махсус ба хотири тамдиди қудрати Саркисян дар курсии раиси ҳукумат карда шудааст.

Рӯзи 9 апрел бар асоси овоздиҳӣ дар парлумон, на дар интихоботи сартосарӣ, Армен Саркисян ба мақоми президентӣ интисоб шуд. Армен Саркисян бо президенти собиқ ҳеҷ равобити хешутаборӣ надорад. Дар ҳамин ҳол ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳи Арманистон Серж Саркисянро ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ кардааст. Интихоби нахуствазир дар парлумон 17 апрел баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG