Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ду кӯдаки 5 ва 6-сола дар ноҳияи Рашт зери чархи як мошин монда ба ҳалокат расидаанд.
Вазорати умури дохилӣ рӯзи 14-уми март хабар дод, ки Абубакр Кулолов, ронандаи 28-сола аз шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми апрел ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Душанбе дар қаламрави ҷамоати Деҳоти сурхи ноҳияи Рашт аз “уҳдаи идораи мошин набаромада” ва Сайфулло Саидови 6-сола ва Муҳаммад Саидови 5 – соларо пахш кардааст, ки ҳарду захмҳои вазнин бардошта ва дар шифохона ҷон додаанд.
Вазорат нагуфтааст, ки ҳодиса чӣ гуна рух додааст, ба сабаби суръати баланд, ё аз роҳ хориҷ шудани мошин. Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ кушта мешаванд ва ё пиёдагардони зиёде ҳам ба сабаби беэҳтиётии ронандагон зери чархи мошин мемонанд.