Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коргардони шинохта Милош Форман дар Амрико даргузашт


Милош Форман
Милош Форман

Коргардони маъруф Милош Форман дар 86-солагӣ дар Амрико даргузашт. Форман бо чанд филми сохтааш, аз ҷумла "Девона аз қафас парид", "Парвоз бар фарози ошёнаи фохта", "Марди рӯи моҳ" ва "Фирор аз хона" маъруф аст.

Вай ду дафъа – дар солҳои 1975 ва 1984 – барандаи ҷоизаи Оскар шудааст.

Милош Форман соли 1932 дар Ҷумҳурии Чех (он вақт Чехословакия) ба дунё омадааст. Соли 1950 роҳи киноро пеш гирифт.

Форман соли 1968 барои сабти филм ба Фаронса рафт ва аз онҷо барнагашт. Сипас, ба Амрико кӯчид. Ҳамсари ин коргардони шинохта гуфтааст, ки ӯ пас аз як давраи кӯтоҳи беморӣ даргузашт.

XS
SM
MD
LG