Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия таҳримҳои ҷавобии зидди Амрикоро баррасӣ мекунад


Гурӯҳи намояндагони мардумӣ дар Думаи давлатии Русия пешниҳод карданд, ки дар посух ба таҳримҳои ИМА алайҳи Русия, маҳсулоти тавлиди Амрико таҳрим шавад.

Раиси Думаи давлатӣ Иван Мелников рӯзи 13-уми апрел гуфт, таҳрим коҳиши равобити иқтисодӣ бо Амрикоро низ дар назар хоҳад дошт.

Пешнависи қонун ҳафтаи оянда дар палатаи поёнии порлумон баррасӣ мешавад. Аммо маълум нест, ки намояндагони мардумӣ пешнависро дар шакли феълӣ ба овоз мегузоранд ва оё Кремлин аз ин чораҳо пуштибонӣ мекунад, ё не.

Таҳлилгарон мегӯянд, Кремлин гоҳ-гоҳ барои пайғом додан ба қудратҳои хориҷӣ аз порлумон истифода мекунад. Аммо на ҳамеша ин пайғомҳо амалӣ мешаванд.

Кремлин мегӯяд, бо пешнависи қонун дар бораи таҳримҳо ошно нашудааст, аммо хоҳиши намояндагони мардумиро барои посух додан ба ИМА дарк мекунад.

Пешнависи қонун ҷорӣ кардани таҳрим ба технологияҳои сохти ИМА, аз ҷумла нармафзорҳо, молҳои кишоварзӣ, тамоку ва алкоҳолро дар назар дорад. Ҳамчунин манъи ҳамкории Русияву Амрико дар заминаи нерӯи ҳастаӣ, муҳаррики мушакҳо ва ҳавопаймосозӣ низ матраҳ аст.

Рӯзи 6-уми апрел Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 14 ширкат ва 24 шаҳрванди Русия - соҳибкорон ва мақомдоронро таҳрим кард. Маҳдудиятҳо дар заминаи дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016-и Амрико ҷорӣ шуданд. Таҳримҳои Амрико бозори бурси Русияро шадидан такон дод. Коҳиши фурӯши саҳҳом танҳо дар як рӯз 1 триллиону 700 миллион руб хисорот ба бор овард.

XS
SM
MD
LG