Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ Навоз Шарифро барои як умр аз сиёсат маҳрум кард


Эътирози тарафдорони Навоз Шариф пас аз эълони қарори додгоҳ. 13-уми апрели 2018
Эътирози тарафдорони Навоз Шариф пас аз эълони қарори додгоҳ. 13-уми апрели 2018

Додгоҳи олии Покистон нахуствазири пешин Навоз Шарифро умрбод аз фаъолияти сиёсӣ маҳрум кард. Дар ин бора як мақоми додгоҳ хабар дод.

Панҷ додраси Додгоҳи олӣ қарори худро рӯзи 13-уми апрел дар Исломобод, дар пасманзари таҳкими чораҳои амниятӣ, эълон карданд. Таҳлилгарон мегӯянд, ҳукми додгоҳ ба интихоботи порлумонӣ, ки ба охири сол барномарезӣ шудааст, таъсир хоҳад дошт.

Навоз Шарифи 68-сола, ки се дафъа нахуствазири Покистон буд, соли гузашта, дар заминаи иттиҳоми фасодкорӣ алайҳи оилааш аз мақом барканор шуд.

Даст доштани хонаводаи Навоз Шариф дар фасоди молӣ, ба дунболи фош шудани санадҳое бо номи "Авроқи Панама" рӯ зад.

Аз он замон сардаргумиҳое ба миён омад, ки оё Навоз Шариф метавонад боз дубора нахуствазир шавад.

Марям Аврангзеб, намояндаи ҳизби ҳокими Навоз Шариф ин ҳукмро ба унвони як "шӯхии ноҷо" рад кард.

XS
SM
MD
LG