Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дастикам 13 ходими амниятро дар Ҳирот қурбон карданд


Ходимони амнияти Афғонистон дар маҳалли таркиши Ҳирот (Акс аз бойгонӣ)
Ходимони амнияти Афғонистон дар маҳалли таркиши Ҳирот (Акс аз бойгонӣ)

Дастикам 13 ходими амнияти Афғонистон дар пайи як ҳамла ба қисмати ғарбии Ҳирот, ки гумон меравад онро ҷангҷӯёни Толибон анҷом додаанд, ба ҳалокат расид. Дар ин бора мақомот рӯзи 13-уми апрел хабар доданд.

"Дар ҷараёни задухӯрд бо ҷангҷӯён дар ноҳияи Шиндод, ки соатҳо идома ёфт, 10 ходими пулис кушта ва чаҳор нафар захм бардошт", - гуфт Шукруллоҳ Шокир, ҳокими ноҳия. Ба гуфтаи ӯ, дар ин даргирӣ як теъдоди ҷангҷӯён низ кушта шуданд.

Масъулияти ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст, аммо Шукруллоҳ Шокир гуфт, ин кори дасти Толибон аст.

Дар баробари ин ҷангҷӯёни Толибон шаби гузашта ба чанд постгоҳи пулис дар вилояти шарқии Пактиё ҳамла карда, дастикам се ходими пулисро куштанд. Дар ин бора Гул Оғо Рӯҳонӣ, раиси пулиси вилоят хабар дод.

Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар як пайғом ба матбуот масъулияти ҳамлаи Пактиёро бар дӯш гирифт.

Ҳамлаҳои ахир дар ҳоле ҷараён гирифтанд, ки рӯзи гузашта Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар се моҳи аввали соли 2018 дар Афғонистон 700 нафари мулкӣ кушта ва 1500 нафар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG