Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифодаи силоҳ бар зидди афроди мулкӣ дар марз манъ шуд


Гузаргоҳи марзии "Чорбоғ"
Гузаргоҳи марзии "Чорбоғ"

Узбекистону Қирғизистон ба созиш расиданд, ки истифодаи силоҳ алайҳи мардуми мулкӣ дар сарҳади ду кишвар қатъиян манъ шавад. Дар ин бора маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон рӯзи 13 апрел хабар дод.

Уларбек Шаршиев, раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Узбекистон Руслан Мирзоев ҳодисаеро, ки рӯзи 7 апрел дар марзи ду кишвар рух дод, баррасӣ карданд. Дар он ҳодиса як шаҳрванди Қирғизистон кушта шуд.

Ҳайатҳои марзбонии ду кишвар ҳамроҳ бо мақомоти давлатӣ ва намояндагони мақомоти қудратӣ аз ҷои ҳодиса дидан карданд. Барои тафтиши ҳодисаи мазкур гуруҳи кории муштарак таъсис ёфт.

XS
SM
MD
LG