Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари пешини FBI: Трамп бо саркардаҳои мафия умумияти зиёд дорад


Ҷеймс Комӣ - раҳбари пешини Бюрои федеролии таҳқиқоти ИМА
Ҷеймс Комӣ - раҳбари пешини Бюрои федеролии таҳқиқоти ИМА

Шабакаи телевизионии CNN нусхаи пешакии китоби хотираҳои раҳбари собиқи Бюрои федеролии таҳқиқоти ИМА Ҷеймс Комиро дарёфт ва баъзе порчаҳои онро нашр кард. Китоби хотираҳои Комӣ ба зудӣ аз чоп мебарояд.

"Президент Трамп фарди бадахлоқ аст. Барои ӯ ҳақиқат муҳим нест ва барояш институтҳои демократӣ низ аҳамият надоранд. Тамоми шеваи кори ӯ ба бархӯрди шахсияш бастагӣ дорад. Ӯ хеле худхоҳ аст ва аз атрофиёнаш садоқати бидуни баҳс ба шахси худро талаб мекунад",- навиштааст Ҷеймс Комӣ.

Ҳамчун додситони пешин, Комӣ вежагиҳои муштараки Трамп бо саркардаҳои мафияро тасвир кардааст, ки солҳо аз рӯи касбу кор бо онҳо мубориза мебурд.

"Саркарда, яъне хӯҷаини мутлақ. Касе аз хати кашидаи ӯ берун намебарояд, ҳама ба ӯ савганди садоқат ёд мекунанд. Дар тасаввури ин гуна афрод дунё ба худиву бегона тақсим шудааст. Созмон болотар аз меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳақиқат аст. Садоқат ва хидмат барои садоқат ҳамагуна дурӯғи хурду бузургро тавҷеҳ мекунад. Дар сӯҳбат бо кормандони додситонӣ Трамп дурӯғ мегӯяд ва бо такаббур рафтор мекунад", - гуфтааст раҳбари пешини Бюрои федеролии таҳқиқот.

Ба гуфтаи Комӣ президент дар сӯҳбат бо ӯ иттиҳоми робитааш бо фоҳишаҳои Маскавро, ки корманди истихбороти Британия Кристофер Стил пеш гузоштааст, қотеъона рад мекард. Боре ӯ гуфт, ки овозаҳои ифлос дар бораи ҳамхобагии дастаҷамъонааш бо фоҳишаҳои маскавӣ дар сабқати "Маликаи ҷаҳон" бонуи аввалро озор медиҳанд.

Стил бо фармоиши рақибони Трамп алайҳи номзади ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба мақоми президентӣ дар интихоботи соли 2016 маводи бадномкунанда ҷамъ мекард.

Ҷеймс Комӣ моҳи майи соли гузашта аз мақомаш барканор шуд. Комӣ баъдан ҳангоми гузоришдиҳӣ дар Сенат гуфт, Трамп ӯро барои таҳқиқи FBI дар мавриди робитаи мақомоти амрикоӣ бо мансабдорони баландпояи Русия аз мақом барканор кард.

XS
SM
MD
LG