Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент додситони кулли даврони Отамбоевро барканор кард


Индира Ҷолдубаева ва Абдил Сегизбоев аз кадрҳои Отамбоев ба шумор мераванд
Индира Ҷолдубаева ва Абдил Сегизбоев аз кадрҳои Отамбоев ба шумор мераванд

Парлумони Қирғизистон қарори президент Сооронбой Ҷеенбековро пуштибонӣ карда додситони кул Индира Ҷолдубаеваро аз мақомаш барканор кард. Додситони кулл барои таъқиби фаъолони сиёсӣ ва матбуоти мустақил интиқод мешуд. Рӯзи 11 апрел дар овоздиҳии парлумонӣ 105 вакил ба ҷонибдории барканор шудани ӯ овоз дода, танҳо ду нафар мухолиф баромаданд.

Ҷолдубаева яке аз чандин мақомҳои дар замони президенти пешин Алмосбек Отамбоев таъиншуда мебошад, ки бо тасмими президент Ҷеенбеков аз вазифа маҳрум мешаванд. Равобити президентони собиқу амалкунанда пуртаниш аст. Ҷолдубаеваи 39-сола моҳи январи соли 2015 бо пешниҳоди Отамбоев ба мақоми додситони кулл пешбарӣ ва аз ҷониби парлумон тасдиқ шуда буд. Баъди сари кор омадани ӯ, чандин раҳбари мухолифон ва вакилони маҷлис таъқиб ва бархе зиндонӣ шуданд.

Барканории Ҷолдубаева хабарҳо дар бораи бад шудани муносибатҳои Ҷеенбекову Отамбоевро тақвият медиҳад. Октябри порсол Отамбоев дар пирӯзии нахуствазири онвақта Ҷеенбеков дар интихоботи президентӣ мусоидат кард, вале базудӣ равобити онҳо бад шуд. 7 апрел Ҷеенбеков раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдил Сегизбоевро аз мақом барканор кард, ки ҳамчунин барои саркӯби мухолифоон ва журналистони мустақил муттаҳам мешуд.

Бо ин ки Отамбоев баъди интихоботи раёсатҷумҳурӣ як муддат хомӯш ва дар соя буд, дар чанд ҳамоиши вақтҳои охир ба таври ошкор Ҷеенбековро интиқод кард.

XS
SM
MD
LG