Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати 5 ҳизб барои 3 курсӣ дар интихоботи миёндаврии Душанбе


Баъзе аз ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон барои ба даст овардани се курсии холимонда дар Маҷлиси вакилони халқи Душанбе вориди сабқати миёндаврӣ шудаанд. Қарор аст, соҳибони нави се курсӣ рӯзи 6-уми май маълум шаванд.

Бархе коршиносон мегӯянд, ки довталабон ҳам ҳисобшуда ҳастанд ва рақобати воқеӣ дар ҷараёни интихобот ба чашм намерасад.

Интихоботи миёндаврӣ дар Маҷлиси вакилони халқи пойтахт баъди он баргузор мешавад, ки се вакил бо сабабҳои мухталиф курсиҳои худро холӣ карданд. Яке аз қазияҳои пурсарусадо -- аз курсӣ маҳрум шудани Субҳон Сафиаллоев, намояндаи коммунистҳо буд, ки аз ҷониби Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба қаллобӣ муттаҳам шуд. Ба иттилои мақомот, Сафиаллоев гӯё худро мушовири Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президенти Тоҷикистон муаррифӣ карда, аз корхонае 12 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Моҳи марти имсол ду курсии дигарро Шаҳноз Раҳматуллозода бинобар таъйин шудан ба вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ва Шоҳ Давлатов бо сабаби иқомати доимӣ дар хориҷи кишвар, холӣ карданд.

Абдуллоҳ Холиқов, раиси Кумисюни интихоботии Маҷлиси вакилони Душанбе, рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун барои иштирок дар интихобот 8 номзад аз аҳзоби сиёсӣ омодагии худро баён доштаанд, ки як нафари онҳо зан аст. Холиқов гуфт, Ҳизби сотсиал-демократ ва Ҳизби демократ низ намояндагони худро шомили ҳавзаҳои интихоботӣ намуданд, аммо номзад пешбарӣ накардаанд.

Ду номзади Ҳизби сотсиалист

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон.
Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ҳизб - ду номзад – пизишк Мижгона Рустамова ва Исмоил Наимов, устоди Донишгоҳи славянӣ пешбарӣ шудаанд. Муовини раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Зариф Наимов мегӯяд, ҳарчанд ҳизби ҳоким қавӣ аст ва дар аксари интихоботҳо пирӯз мешавад, умед доранд, ки ин маърака "дар чаҳорчӯби меъёрҳои демократӣ ва мунсифона" барпо хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, "пас аз таъйини Рустами Эмомалӣ дар вазифаи раиси шаҳри Душанбе, дили мо гармтар шуд. Умед дорем, интихобот аз рӯи адолат сурат хоҳад гирифт. Агар мушкили молӣ пеши роҳро намегирифт, номзади сеюмро низ пешниҳод мекардем."

Дар интихоботи миёндаврӣ, инчунин, намояндагони ҳизби халқӣ-демократӣ, кишоварзӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва коммунистӣ ҳам номзадҳои худро пешбарӣ кардаанд. Интихоботи миёндаврии вакилони шаҳр, ки ба фарқ аз интихоботи порлумонӣ ба он таваҷҷӯҳи камтари матбуот ва ҷомеа равона шудааст, аз назари бархе мунтақидон бештар хусусияти расмӣ ва рамзӣ дорад.

"Рақобати воқеӣ ба чашм намерасад"

Парвиз Муллоҷонов.
Парвиз Муллоҷонов.

Бархе коршиносон мегӯянд, довталабон ҳам ҳисобшуда ҳастанд ва рақобати воқеӣ дар ҷараёни интихобот ба чашм намерасад. Коршиноси масоили сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов гуфт, шароити молии ҳизбҳои сиёсӣ барои ташкили корзори фаъоли сиёсӣ низ имкон намедиҳад.

"Гузашта аз ин, курсиҳоро ҷониби ҳукумат тақсим мекунад ва мушаххас хоҳад кард, ки ба кадом ҳизб ва ба кадом номзад курсиро супорад. Ҳизбҳои "ҷайбӣ", ки шумораашон чандто аст, дар натиҷаи машварат ва маслиҳат баъзе курсиҳоро соҳиб мешаванд ва ин аз воқеият дур нест", - гуфт ӯ.

ҲСДТ ба интихоботи порлумонӣ омода мешавад

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дар се ҳавза намояндагони худро барои назорати ҷараёни омодагӣ ба интихобот шомил кардааст, мегӯяд, дар ибтидо мехостанд номзад пешбарӣ кунанд, вале инро як кӯшиши беҳуда донистаанд. Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, пас аз якуним сол боз маъракаи интихоботӣ дар Тоҷикистон аст ва зарур нашуморидаанд ба ин се ҳавза номзад пешбарӣ кунанд.

"Бо истифода аз фурсат се намояндаи ҷавони худро шомили ҳавзаҳои интихоботӣ кардем. Мехоҳем, ки онҳо бо нозукиҳои корзори интихоботӣ ошно шаванд. Саводи сиёсии худро такмил диҳанд, яъне омодагии мо ба интихоботи соли 2020 мебошад",-афзуд ӯ.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ивази курсии аздастдодааш дар Маҷлиси шаҳрӣ ду номзади худро сабт кардааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG