Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходимони FBI санадҳои вакили шахсии Трампро мусодира карданд


Роберт Мюллер
Роберт Мюллер

Ходимони Бюрои федеролии таҳқиқоти ИМА дафтари Майкл Коэн - вакили шахсии президент Трампро кофтукоб карданд. Тавре Би-би-си мегӯяд, кофтукоби дафтари вакили Трамп бо дастури прокурори махсус Роберт Мюллер, ки парвандаи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи соли 2016-ро пайгирӣ мекунад, сурат гирифт.

Дар вақти кофтукоб санадҳои марбут ба мукотиботи Коэн бо муштариҳояш мусодира шуданд,- гуфт худи авокат баъдри рейди муфаттишони Мюллер.

Майл Коэн баъди эътирофаш, ки чанд рӯз пеш аз интихоботи раёсати ҷумҷури Амрико ба порно-актриса Сторми Даниэлс 130 ҳазор доллар додааст, дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор гирифт. Ин маблағро ба Даниэлс барои он доданд, ки робитааш бо Трампро ошкор накунад. Гуфта мешавад, ки Трамп бо Стори Даниэлс замоне робита дошт, ки ҳамсараш Мелания Трамп писар таваллуд кард.

Президент Трамп кофтукоби хонаи вакили шахсияшро "шикори аҷузаҳо" номид ва гуфт, ки дар байни ситоди интихоботии ӯ ва Русия ҳеҷ созише набуд. Трамп ҳамчунин тими Роберт Мюллерро танқид кард ва онро "гурӯҳи одамони бисёр ғаразнок" номид.

XS
SM
MD
LG