Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: "ИМА пушаймон хоҳад шуд"


Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ҳушдор дод, ки агар ИМА созиши ҳастаии соли 2015 бо Теҳрон ва қудратҳои ҷаҳониро нақз кунад, “пушаймон хоҳад шуд”. “На мо аввалин ҷониби нақзкунандаи созиши ҳастаӣ ҳастем. Вале онҳо бояд донанд, ки агар онҳо ба ин кор даст заданд, пушаймон хоҳанд шуд”, гуфт Рӯҳонӣ рӯзи 9 апрел дар як конфронсе, ки ба муносибати Рӯзи миллии фанновариҳои ҳастаӣ баргузор шуд. Вай гуфт, “аз он чи ки онҳо фикр мекунанд, мо бештар омода ҳастем ва агар онҳо ин созишро нақз карданд, дар фурсати як ҳафтаву ним ҳафта натиҷаи онро шоҳид хоҳанд шуд”. Президенти ИМА Доналд Трамп таҳдид кард, ки агар то 12 май болои Эрон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ нашавад, ИМА аз созиши ҳастаӣ берун мешавад ва болои Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад. Вай гуфт, “аз сари қудрат омадани ин ҷаноб дар ИМА 15 моҳ мегузарад ва дар рафтори ӯ дар ин муддат пастубаландиҳои зиёде мушоҳида шудааст”.

XS
SM
MD
LG