Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроилро дар анҷоми ҳамлаҳои мушакии Сурия муттаҳам карданд


Намуди пойгоҳи низомии Тайфур ё Т4 дар наздикиҳои Ҳумс
Намуди пойгоҳи низомии Тайфур ё Т4 дар наздикиҳои Ҳумс

Матбуоти расмии Сурия гуфт, баъди он ки як пойгоҳи низомии давлатии ин кишвар мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт, чандин нафар куштаву захмӣ шуданд. Дар ҳамин ҳол дар сатҳи байналмилалӣ гумонҳое дар заминаи истифода шудани силоҳи кимиёӣ дар шаҳраки Думаи зери назари шӯришиён мечархад, ки сабаби марги даҳҳо нафар шудааст.

Сурияву Русияи муттафиқаш мегӯянд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии исроилӣ ба пойгоҳи низомии Тайфур ё Т4, ки дар наздикии шаҳри Ҳумс ҷойгир аст, субҳи 9 апрел мушакҳо партоб кардаанд. Исроил, ки дар гузашта ҳадафҳоеро дар хоки Сурия нишон задааст, ҳанӯз ба ин иттиҳомот посух надодааст. Айни замон, як гурӯҳи нозири бритониёӣ гуфт, ки дасти кам 14 ҷангии рӯ ба ҳукумат дар ин ҳамлаҳо кушта шуданд ва дар байни онҳо нирӯҳои муттафиқи эронӣ ҳам мебошанд.

Ин ҳамла баъди он анҷом шуд, ки рӯзи 7 апрел иттиҳоме садо дод, ки мегӯяд дар шаҳраки Дума, дар наздикиҳои Димишқ гази хлорин истифода шудааст. Мухолифон ва наҷотбахшон мегӯянд, ки дар ин ҳодиса 40 нафар кушта шуд. Сурия ва муттафиқони калидии он Русия ва Эрон ин гузоришҳоро ҳамчун “сохтакоришуда” рад карданд. Президентони ИМА ва Фаронса Доналд Трамп ва Эммануэл Макрон таҳдид карданд, ки дар вокуниш ба ин ҳамлаи ваҳшатнок посухи ”маҳкам ва муштарак” хоҳанд дод. Амалҳои ин ду кишвар бояд дар давоми рӯз бо Шӯрои амнияти СММ ҳамоҳанг шавад.

XS
SM
MD
LG