Пайвандҳои дастрасӣ

Пхенян гуфт, ки омодааст аз силоҳи ҳастаӣ даст кашад


Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун ва Президенти ИМА Доналд Трамп

Пхенян бори аввал ба Вашингтон пешниҳод кард, ки дурнамои аз силоҳи ҳастаӣ пок кардани шибҳаҷазираи Кореяро дар нишасти дуҷониба баррасӣ кунад. Дар ин бора мақоми баландпояи маъмурияти ИМА ба шарти ифшо нашудани номаш ба Reuters хабар дод.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҷараёни тамосҳои маҳрамонаи чанде пеш Кореяи Шимолӣ манфиатдории худро ба мулоқоти сатҳи олӣ баён доштааст. То вақтҳои охир Ийолоти Муттаҳида дар робита ба барномаҳои Кореяи Шимолӣ асосан ба маълумоти Сеул такя мекард. Бахше аз гуфтугӯҳои намояндагони Амрико ва Кореяи Шимолӣ дар миссияи дипломатии Пехенян дар назди Созмони Милали Муттаҳид ва бахше ҳам тавассути каналҳои хадамоти истихборотӣ баргузор мешуд.

Амрико расман эълон кард, ки саммит эҳтимолан моҳи май баргузор мешавад. Пхенян то ҳол дар ин робита хомӯшӣ ихтиёр кардааст. Дар бораи макони мулоқот низ то ҳол маълумоте мавҷуд нест.

Кореяи Шимолӣ дар гузашта изҳори омодагӣ карда буд, ки агар ИМА нерӯҳояшро аз Кореяи Ҷанубӣ берун кунад, Пхенян низ аз тарҳҳои мушакиву ҳастаияш даст мекашад.

Рӯзи душанбе Ҷон Болтон, ёвари Трамп дар умури амнияти миллӣ ба кор оғоз мекунад. Рӯзи чоршанбе Сенати Амрико масъалаи тасдиқи номзадии раҳбари пешини Идораи истихборот Майк Помпео ба мақоми Кобити давлатитии ИМА-ро матраҳ мекунад. Дар робита ба Кореяи Шимолӣ Болтон ва Помпео мавқеи сахтгирона доранд.

Видеоҳои охирин

Мулоқоти раҳбарони ду Корея
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:03:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG