Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Оқтеппа ҳамла ба зодаи Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мегӯяд, бино ба маълумоти пешакӣ, марде, ки дар натиҷаи тирпаронӣ ба як микроавтобус, бо рақамҳои қирғизӣ, дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон захмӣ шуд, шаҳрванди Русия аст.

Ба маълумоти вазорат, ин мард ҳоло дар бемористон бистарӣ буда, ҳамлагарон пулу ҷавоҳирот ва сандаҳои ӯро дуздиданд.

Дар вилояти Оқтеппа 6 апрел афроди номаълум ба микроавтобусе бо рақамҳои қирғизӣ ҳамла карданд, ки дар деҳаи Акшат истода буд. Ба гуфтаи ВКД Қирғизистон, он замон худи ронанда дар дохили нақлиёт ҳузур надошт. Ба ронанда дертар, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия, ки барои иштирок дар тӯйе ба зодгоҳаш мерафт, занг зада, гуфтааст, ки ба ӯ ҳамла карданд.

"Дар натиҷаи ин ҳамла моликияти шаҳрванди Қирғизистон низ осеб дидааст. Дар ҳоли ҳозир, тафтишот идома дорад", - омадааст дар иттилоияи ВКД.

Департаменти корҳои дохилии вилояти Оқтеппа мегӯяд, санҷиши ҳодисаро оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG