Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта ва захмӣ шудани 3 нафар дар марзи Узбекистон бо Қирғизистон


Рӯзи чаҳоруми апрел дар пайи тирандозӣ дар ҳудуди вилояти Андиҷони марзи Узбекистон ва Қирғизистон ду нафар захмӣ ва як нафар кушта шуданд.

Мақомоти интизомии вилояти Андиҷон ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Аҳлиддин Деҳқонови 24-сола ба ҳангоми убури ғайриқонунии марз ҳадафи тири марзбонони узбек қарор гирифт ва дар бемористон даргузашт. Бародари ӯ ва як ҳамроҳаш захмӣ шуда, дар бемористон бистарӣ мебошанд.

Дар соли 2017 маҳдудиятҳо барои убуру мурур дар марзи Узбекистон ва Қирғизистон лағв гардид. Ин амр боиси ду баробар афзоиш ёфтани теъдоди шаҳрвандон шуд, ки аз марз убур карданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса соати 20:25 дақиқаи вақти маҳаллии рӯзи 4-уми апрел дар ноҳияи Қӯрғонтеппаи вилояти Андиҷон рух додааст. Ин мақоми маҳаллӣ афзуд, се сокини ноҳияи Қорасув ба ҳангоми убур аз марз аз ҷониби як низомии узбек ҳадафи тир қарор гирифтанд. Ба гуфтаи ин мақоми маҳаллии вилояти Андиҷон, захмишудаҳо Одилбек Деҳқонов ва ҳамроҳаш Нозимбек дар бемористони "Ёрии таъҷилӣ"-и шаҳри Қорасу бистарӣ ҳастанд.

Тибқи иттилои расида аз ин бемористон, Аҳлиддин Деҳқонов бар асари ҷароҳати бардоштааш аз ноҳияи қафаси сина се соат баъд аз ҳодиса ҷон додааст. Вазъи саломатии бародари Аҳлиддин хуб арзёбӣ мешавад ва ӯ феълан дар утоқи оддӣ бистарӣ мебошад. Ин се нафар узбекҳо буда ва ба таври ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Узбекистон дар се қуттӣ 330 адад воситаи алоқаи мобилиро қочоқ карданд.

Ба гуфтаи манобеъ, ин афрод ба ҳушдори низомиён гӯш надоданд ва бинобар ҳамин, ба тарафи онҳо тирандозӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки дар қисми ҳарбии 9228, ки низомии он тирандозӣ кардааст, корҳои тафтишотӣ оғоз шудааст.

Марзи Узбекистон ва Қирғизистон.
Марзи Узбекистон ва Қирғизистон.

Бино ба хабарҳо аз Қорасу, рӯзи панҷшанбе маросими ҷанозаи Аҳлиддин Деҳқонов баргузор шуд ва бародараш Одилбек бо иҷозаи масъулони бемористон, ширкат кардааст. То ба ҳол иттилое ба "Озодлик"- бахши узбекии Радиои Озодӣ дар мавриди сарнавишти сарбозе, ки ба самти қочоқчиён тирандозӣ кардааст, нарасидааст.

Дар соли 2017 маҳдудиятҳо барои убуру мурур дар марзи Узбекистон ва Қирғизистон лағв гардид. Ин амр боиси ду баробар афзоиш ёфтани теъдоди шаҳрвандон шуд, ки аз марз убур карданд. Масалан, дар гузаргоҳи Қадамҷои ин марз дар як шабонарӯз аз 2000 то 2500 нафар аз сарҳад убур мекунанд. Ҳамзамон, ҳодисаҳои қочоқи молу маҳсулот низ дар тӯли ин марз ба мушоҳида расидааст.

Нерӯҳои марзбонии Узбекистон рӯзи 30-юми марти соли ҷорӣ эълон карданд, ки дар соли 2017 марзбонони узбек дар минтақаҳои марзӣ ҳудуди 5 ҳазор марзшиканро боздошт карда, ба миқдори 32 миллиард сӯми узбеки маҳсулоти қочоқӣ, 1 миллиону 880 ҳазор доллар ва аъсори кишварҳои дигар, ба миқдори 48 килограм маводи мухаддир ва 285 адад силоҳ, мусодира кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG