Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии муҳоҷирони тоҷик ва кореягӣ дар Саратови Русия


Пулиси Краснодари Русия ҳодисаи даргирии муҳоҷирони корӣ дар яке аз сохтмонҳоро таҳқиқ мекунад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 5 апрел бо такя ба идораи Вазорати умури дохилӣ дар Саратов хабар дод. Ҷараёни даргириро яке аз шоҳидон ба навор бардошт ва дар интернет нашр кард.

Дар идораи пулис гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 29 март дар майдони сохтмонии "ЖК Тургенев" рух дод ва баҳси муҳоҷирони тоҷику кореягӣ ба ҷанҷоли байниқавмӣ печид. Тарафҳои даргир бо арматур ва чӯбу санг мусаллаҳ буданд. Онҳо ҷамчунин кулоҳҳои ҳифозатии сохтмониро ба кор бураданд. Пулис теъдоди иштирокчиёни даргириро 20 нафар ҳисоб кардааст. Сабаби ҷанҷол маълум нест ва касе аз шаҳрвандони хориҷӣ ба пулис ва ё бемористон муроҷиат накард.

Баъди пахши навор дар интернет, мақомот рӯзи 4 апрел 49 муҳоҷирро аз сохтмон ба идораи пулис оварданд, вале бинобар дуруст будани санадҳои кору фаъолияти онҳо дар Русия ҳамагӣ озод шуданд.

XS
SM
MD
LG